расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Як гови рихин подаро меолонад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

Як гови рихин подаро меолонад

Куштори ваҳшиёнаи як духтари 17-солаи рус ба дасти ошиқи 27-солаи тоҷикаш ба мавзуи №1-и расонаҳои русӣ табдил ёфта, аҳли ҷомеаро сахт ба шӯр овардааст.

Намояндагони баъзе ҳизбҳои сиёсӣ талаб карда истодаанд, ки муҳоҷирон ба таври иҷборӣ аз Россия “депортатисия” карда шаванд...

Анастасияи 17-сола, ки ҳанӯз хонандаи мактаб буд, шоми 26-июл дар кӯчаи Лесосечнаяи маҳаллаи Нежная Елтовская, ҳамагӣ 16 километр дуртар аз зодгоҳаш Бертс аз ҷониби як ҷавони тоҷик бо номи Хушнуд Ҳамроев ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст.

Ду ронандаи таксӣ шоҳиди бевоситаи ин ҷинояти вазнин гашта, лаҳзаи куштори бераҳмонаи духтари ноболиғро ба дасти ошиқаш дар камераҳои видеорегистратори мошинҳояшон сабт намудаанд.

Дар навор дида мешавад, ки чи тавр ин ҷавони бераҳм ваҳшиёна аз паси духтар медавад ва ӯро ба заимн хобонда кордборон мекунад.

Маҷнуни қотил ҳатто баъди аз тапидану дасту по занӣ бозмондани духтар низ ором нагирифта, пайкари ӯро девонавор кордборон кардан мегирад ва танҳо баъди оне, ки кори духтар тамом шуд, рӯ ба ҷангал мегурезад...

Ронандагони талхакаф шуда тозон ба имдод мешитбанд, вале аллакай дер шуда, духтар кайҳо ҷон дода буд. Баъдан дар рафти ташхиси судӣ-тиббӣ дар бадани марҳум 15 захми кордро пайдо намуданд ва субҳи 27-июл Хушнуд Ҳамроев аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ҳамчун гумонбар дар куштори бераҳмонаи ин духтари рус дастгир карда шуд.

Дар як навори видеоӣ, ки кумитаи тафтишотӣ пахш намудааст, ин ҷавони тоҷик ба гуноҳаш иқрор шуда ба саволҳои муфаттиш чунин ҷавоб медиҳад: 

 Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.