расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини мардум бо барқу гармӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҷомеа

Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини мардум бо барқу гармӣ

Дар Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор шуд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа ба ҳукумати мамлакат, мақомоти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтию босамари дастурҳои қаблии ҳукумат супоришҳо додааст.

Дар баробари ин кишвардор, ҷиҳати вусъати корҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлол, ҷамъоварии ҳосил, содироти маҳсулот, захираи кофии маводи хӯрока вазифагузорӣ кардааст.

Ҳамчунин, раисиҷумҳур, бароиомодагии ҳамаҷониба ба зимистонгузаронӣ, захираи маводи сӯзишворӣ дар иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъмини мунтазами неруи барқу гармӣ ба аҳолӣ супоришҳои мушаххас додааст.


Аъзои ҳукумат дар ин маҷлис баъди муҳокима 8 хулосаи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла:

Дар бораи пешниҳоди хулосаи ҳукумат ба лоиҳаи қонун "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун"Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон",Дар бораи пешниҳоди хулосаи ҳукумат ба лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон",Дар бораи пешниҳоди хулосаи ҳукумат ба лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"Дар бораи пешниҳоди хулосаи ҳукумат ба лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд.

Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин, дар кори маҷлис ҳвобаста ба Стратегияи миллии молиявии кишвар барои солҳои 2022-2026, натиҷаи баҳисобгирии заминҳо дар ноҳияи Панҷ ба ҳолати 1 январи соли 2022 ва натиҷаи баҳисобгирии заминҳо дар ноҳияи Сангвор ба ҳолати 1 январи соли 2022 қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.