расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Шералӣ Кабир ва Алишер Мирзонабот бо фаъолияти иншооти саноатӣ дар ВМКБ шинос шуданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Шералӣ Кабир ва Алишер Мирзонабот бо фаъолияти иншооти саноатӣ дар ВМКБ шинос шуданд


Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ВМКБ шинос шуд.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шуғнони ВМКБ Шералӣ Кабир ҳамроҳи раиси вилоят Алишер Мирзонабот бо фаъолияти коргоҳи коркарди тути «Тути Помир» дар ҷамоати деҳоти Сучон аз наздик ошно гардид.
Дар рафти шиносоӣ бо фаъолияти истеҳсолии коргоҳи саноатии хурд вазир ба шахсони масъул дар мавриди афзоиши ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ва содироти маҳсулоти коргоҳ ба хориҷи кишвар тавсияҳои муфид дод.
Шералӣ Кабир ҳамчунин аз Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон боздид намуда, аз масъулини муассиса даъват намуд, ки барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори муосири корӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Ба коргоҳи дӯзандагии таъсисёфта дар заминаи литсей Шералӣ Кабир ва Алишер Мирзонабот доир ба роҳандозии дӯхти сарулибоси мактабӣ барои муассисаҳои таълимии вилоят дастурҳои мушаххас доданд.
Ғайр аз ин, вазири саноат ва раиси ВМКБ бо фаъолият корхонаи коркарди пашм дар ноҳияи Роштқалъа шинос шуданд.
Мувофиқи барномаи саноатикунонӣ, дар вилоят сохтмони якчанд корхонаи хурд, ки ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ асос ёфтааст, ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки чанде пеш ҶДММ “Тути Помир” маҳсулоти худро дар намоишгоҳи байнулмилалии “Тоҷикистон-2022” муаррифӣ кард.
Раиси ширкат Тоҷиддин Саидюнов зикр кард, ки корхонаи онҳо маҳсулоти хешро айни ҳол ба Русия ва бархе  аз кишварҳори хориҷӣ содирот менамояд.
“Маҳсулоти мо, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифат мебошад. Дар намоишгоҳ мо имрӯз 10 намуди маҳсулоти худро пешкаши иштирокчиён намудем, ки ҳамаи он бо технологияи муосиру ҳозиразамон омода карда мешаванд. Маҳсулоти мо аз меваи тут, зардолу, анҷир, имбир, кунҷит ва дигар намуди мевагиҳо омода  мегарданд. Дар хориҷа ба маҳсулоти мо таваҷҷуҳи хеле зиёд доранд, ки аллакай пешниҳодҳои содиротӣ ба ҷониби мо шуда истодаанд. Мо дар оянда кӯшиш дорем, то иқтидори истеҳсолии корхонаи худро боз ҳам калонтар намуда, шумораи бештари кормандонро бо ҷойи кору маоши хуб тамин созем”, - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ “Ховар”.Read more:https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/economic/20220630/sheral-kabir-va-alisher-mirzonabot-bo-faoliyati-inshooti-sanoat-dar-vmkb-shinos-shudand

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.