расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Додгоҳ президенти пешини Қирғизистонро аз рӯи парвандаи бетартибиҳои оммавӣ сафед кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Додгоҳ президенти пешини Қирғизистонро аз рӯи парвандаи бетартибиҳои оммавӣ сафед кард


Додгоҳ президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отабоевро аз рӯи парвандаи ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар моҳи октябри соли 2020 сафед кард, хабар медиҳад Интерфакс.
“Додгоҳи Первомайскии Бишкек қарор кард, ки Алмосбек Отамбоев дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар Бишкек моҳи октябри соли 2020 бегуноҳ эътироф гардида, бинобар набудани аломатҳои ҷиноят дар кирдорҳои ӯ сафед карда шавад”, - изҳор дошт додрас Убайдулло Сотимқулов зимни қироати ҳукм.
Чораи пешгирӣ дар шакли нигаҳдорӣ дар ҳабс нисбати Отмабоев ба ҳабси хонагӣ иваз карда шуд.
Бо ҳукми додгоҳ инчунин Фарид Ниёзов, мушовири пешини Отамбоев, Курсан Асанов, собиқ муовини вазири корҳои дохилии кишвар, Канат Сагимбоев, муҳофизи Отамбоев низ сафед карда шуданд.
Ин дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас дархост намуда буд, ки ба Отамбоев 12 соли зиндони низомаш шадид ҷазо таъин карда шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.