расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дар Душанбе таҳкими ҳифзи сарҳадоти байни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҳаводис / Ҷаҳон

Дар Душанбе таҳкими ҳифзи сарҳадоти байни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд

Дафтари матбуоти раисҷумҳур ҷузъиёти музокироти руасои ҷумуҳри Русия ва Тоҷикистонро расонаӣ кард.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин масоили густариши ҳамкорӣ дар заминаи амният, аз ҷумла дар бахшҳои ҳамкориҳои низомӣ, низомиву фаннӣ ва мудофиавӣ, бахусус дар қисмати таҷдиди иқтидори Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳифзи сарҳадоти байни Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон зимни мулоқот сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

“Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди муносибатҳои ду кишварро дар тӯли 30 соли пас аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ сипаришуда қайд намуданд”, - таъкид кардааст манбаъ.

Дар мулоқот суръати баланди рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамчунин робитаҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо, ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо қаноатмандӣ зикр карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин зикр карданд, ки ҳаҷми тиҷорати байни ҷонибҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,2 дарсад афзоиш ёфтааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки Русия дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад, чунончӣ, соли гузашта афзоиши гардиши мол миёни ду кишвар 39 дарсадро ташкил дод.

Ҳамчунин ҷонибҳо барои идомаи кори муштарак ба хотири боз ҳам густариш додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар заминаи судманд ба мувофиқа расиданд.

“Дар робита ба ин, ба масъалаҳои омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ, ки қарор аст дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд”, - таъкид кард манбаъ.

Қайд карда гшудааст, ки сарони ду давлат ба сатҳи ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ баҳои баланд доданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар кишвар барои нигоҳдорӣ ва рушди забону фарҳанги русӣ, инчунин фазои таълимии русӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.

Манбаъ ёдовар шудааст, ки дар Тоҷикистон сохтмони панҷ мактаб бо таълими забони русӣ аз ҷониби Русия бомуваффақият анҷом дода мешавад. Дар назар аст, ки онҳо то якуми сентябр ба истифода дода мешаванд.

Сарони Тоҷикистон ва Русия, бо назардошти ниёзҳои воқеии имрӯза, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои амалии минбаъдаро дар бахшҳои фарҳангӣ ва гуманитарии ду кишвар зарур донистанд.

Дар мулоқот оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Русия Владимир Путин, бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард.


Сарчашма:Sputnik


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.