расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “Панҷшери дуюм.” Муқовимати Мавлавӣ Маҳдӣ бо Толибон дар Балхоб

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҷомеа / Ҷаҳон

“Панҷшери дуюм.” Муқовимати Мавлавӣ Маҳдӣ бо Толибон дар Балхоб

Толибон аз чанд самт ба ноҳияи Балхоби вилояти Сарипули Афғонистон ҳамла кардаанд. Нерӯҳои Толибон чанд рӯзи охир бо низомиёни таҳти амри Мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид, фармондеҳи ҳазоратабор, ҷанг доранд.

Мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид, ягона фармондеҳи шиаи ҳазоратбори Толибон буд, ки пас аз барканориаш аз раҳбари амнияти ҳукумати ин гурӯҳ дар ноҳияи Балхоб аз ин Толибон ҷудо шуд. Толибон се рӯз боз талош доранд, вориди Балхоб шаванд, вале ҳанӯз пешрафт накардаанд.

Як тан аз наздикони Мавлавӣ Маҳдӣ, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Толибон ақибнишинӣ кардаанд, вале теъдоде аз нерӯҳои ин фармондеҳ низ кушта шудаанд. “Пеши роҳи ҳамлаи Толибон гирифта шуд. Мошинҳои зиреҳпушашон хароб шуд ва захмиёнашонро гирифта ақибнишинӣ карданд. Як маргталаби Толибон худашро дар миёни нерӯҳои мардумӣ тарконд, ки се нафар кушта ва чор нафар захмӣ шуданд.”,--гуфт ӯ.

Аз ҷанги Толибон бо нерӯҳои Мавлавӣ Маҳдӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои ҷаҳонӣ садҳо хабар нашр шудааст, вале Толибон мисли ҳамеша ҷанг дар Балхобро рад мекунанд.

Маҳдӣ Муҷоҳид 13 сол пеш замоне, ки нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳузур доштанд, ба Толибон пайваст ва дар суқути низоми ҳукумати собиқ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон нақши муҳим бозид. Аммо пас аз даҳ моҳи ба қудрат расидани Толибон, ӯ ба муқобили ин гурӯҳ бархост.

Ба гуфтаи огоҳон, ихтилофи Маҳдӣ Муҷоҳид бо Толибон аз он оғоз шудааст, ки ӯ хостори саҳми бештари ҳазораҳо дар ин гурӯҳ будааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ борҳо аз Толибон хостаанд, то ҳукумати фарогир ташкил кунанд ва ин яке аз шартҳои ба расмият шинохтани ҳукумати ин гурӯҳ ҳаст.

Як ҳафтаи ахир ноҳияи Балхоби вилояти Сарипул макони даргирии Толибон бо ин фармондеҳи собиқи ин гурӯҳ шудааст. Бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ Балхобро “Панҷшери дуюм” номидаанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер аз оғози ҳукуматдории Толибон бо ин гурӯҳ дар ҷанг аст.

Толибон моҳи августи соли гузашта Афғонистонро тасарруф карданд. Панҷшер охирин вилоте буд, ки ба ин гурӯҳ таслтим нашуд. Дар ин вилоят зери раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, як фармондеҳи машҳури афғонистонӣ Ҷабҳаи муқовимат таъсис ёфтааст ва зидди Толибон ҷанг мекунанд.


Сарчашма:озоди

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.