расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?


Давоми моҳҳои январ-майи соли 2022 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 3,9%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори кишвар. Ин нишондиҳанда 0,5 банди фоизӣ камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 6,6% ва маҳсулоти ғайриозуқа - 2% боло рафта, хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ - 0,7% арзон шуданд.
Аз маҳсулоти озуқаворӣ гуруҳи маҳсулоти зерин бештар гарон шуданд:
- қанд (шакар) – 9,61%;
- маснуоти нонӣ ва ярма (крупа) – 13,9%;
- сабзавот – 9,5%;
- шир – 8,8%;
- мева – 7,7%;
- моҳӣ – 5%.
Арзиши маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи зерин боло рафт:
- сӯзишвории дизелӣ – 8,4%;
- маводи шустушӯ – 8,2%;
- маҳсулоти доруворӣ – 8%.
Дар мавриди поин рафтани нархҳо ба хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ дар Агентии омор инро дар навбати аввал ба арзоншавии гази моеъ ба андозаи 14,1% нисбат медиҳанд.
Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст.
Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.