расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Байни дастаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бозии волейбол баргузор мешавад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

Байни дастаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бозии волейбол баргузор мешавад


Дар Душанбе рӯзи 15 июн мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба волейбол байни ҷавонони синни то 23-сола оғоз гардид. Дар мусобиқа дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон иштирок карда, он то 20 июн идома меёбад.
Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, имрӯз дастаи Тоҷикистон бо тими Ӯзбекистон бозӣ мекунад.
Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар ду давр баргузор шуда, дастаҳо миёни ҳам дубозигӣ анҷом медиҳанд.
Гуфта мешавад, дар рӯзи аввал – 15 июн Тоҷикистону Қазоқистон сабқат карда, дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.
Имрӯз 17 июн Ӯзбекистон бо Тоҷикистон, 18 июн Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, 19 июн Қазоқистон бо Ӯзбекистон ва 20 июн Тоҷикистон бо Қазоқистон бозӣ мекунанд.
Бозиҳо дар маҷмааи варзишии “Манеж” баргузор мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.