расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Боздошти корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Қирғизистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҳаводис / Ҷаҳон

Боздошти корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Қирғизистон

Дар Бишкек як корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва чанд шаҳрванди дигари кишвар боздошт шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон.

Марде, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекард, ба қочоқ гумонбар дониста мешавад.

Тибқи маълумоти мавҷуда, ӯ ба интиқоли як бастаи бузурги маводи мухаддир машғул будааст.

Ба гуфтаи маъмурони интизомии Қирғизистон, боздоштшудаҳо, ки шаҳрвандони Тоҷикистонанд, ба интиқол ва фурӯши миқдори зиёди маводи мухаддир машғул будааст.

Ҳама маводи мухаддир истеҳсоли Афғонистон буда, интиқолдиҳандагон мехостанд онро нахуст ба Қирғизистон ва пасон ба Қазоқистон гузаронанд, афзудааст манбаъ.

Вазорати корҳои дохилии он кишвар тавзеҳ дод, ки дар натиҷаи як амалиёти вижа, ки як сол тӯл кашид, тамоми аъзои ин гурӯҳи ба маводи мухаддир сарикордошта, аз ҷумла як пулиси тоҷик боздошт шудаанд.

"Зиёда аз 33 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд. Боздоштшудаҳо дар боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и Бишкек ҷойгир карда шуданд",- афзудааст манбаъ.

Шумораи дақиқи тоҷикони боздоштшуда ва ҷузъиёти дигар маълум нест.

Наворҳои видеоие, ки ҳангоми боздошт нашр шуд, нишон медиҳад, ки бастаҳои маводи мухаддир дар халтаҳои калони орд ва чанд бастаи дигар ҷойгир шудааст.

Илова бар ин, ҳангоми кофтуков аз ин афрод силоҳи оташфишон ва патрон дарёфт ва мусодира шудааст.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.