расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Артиши Русия як бахши бузурги силоҳҳои ғарбиро дар Украина нобуд кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҳаводис / Ҷаҳон

Артиши Русия як бахши бузурги силоҳҳои ғарбиро дар Украина нобуд кард

Нерӯҳои Русия як бахши бузурги аслиҳаи ғарбӣ ва як истгоҳи зархаридони хориҷӣ дар Донбассро нобуд карданд.

Дар ин бора намояндаи расмии вазорати дифоъ генерал-лейтенант Игор Конашенков хабар дод.

"Мушакҳои дақиқи баландпарвози ҳавоӣ дар минтақаи истгоҳи роҳи оҳани Удачноеи ҶМД миқдори зиёди силоҳ ва таҷҳизоти низомиеро, ки аз ҷумла аз ИМА ва кишварҳои аврупоӣ оварда шудаанд, нобуд карданд", - гуфт ӯ.

Ба иттилои генерал, аз ҷумла истгоҳи муваққатии зархаридони хориҷӣ дар вилояти Федоровкаи ҶМЛ, инчунин ду системаи мушакҳои чандкарата дар Прогресси вилояти Харков ва Волчеяровкаи Луганск нест карда шуданд.

Ҳамчунин, нерӯҳои ҳавоӣ ва артиш 63 минтақаи мутамаркази қувваи корӣ ва техникам ҳарбиро задааст.

Ҳамин тариқ, аз ҷумла ба нуқтаи назоратӣ ва истгоҳи системаи дифои ҳавоии "Бук-М1" зарба задаанд.

Дар маҷмӯъ беш аз 120 тан аз низомиёни Украина, ду танк, ҳафт тӯпхона ва 11 мошини махсус нобуд карда шуданд.

Ҳамчунин, низомиёни Русия хабар доданд, ки дар вилояти Лисичанск истгоҳи радарии украинии маҷмааи зиддимушакии "Бук-М1"-ро тахриб кардаанд.

Қаблан Конашенков гуфта буд, ки артиши Русия як анбори бузургиПТРК, ПЗРК ва снарядҳои тӯпхонаро, ки аз ИМА ва Аврупо оварда шудаанд, бо мушакҳои "Калибр" дар минтақаи Тернопил нобуд кардааст.


Намояндаи милисаи мардумии Ҷумҳурии мардумии Донетск Басурин аз низомиёни Украина, ки дар Северодонетск муҳосира шуда буданд, даъват кард, ки таслим шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки дар Северодонетск боқӣ мондаанд, воқеан муҳосира шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.

Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.