расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҷанги ДОИШ*-у толиб: Юнуси Ӯзбекистонӣ кушта шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҳаводис / Ҷаҳон

Ҷанги ДОИШ*-у толиб: Юнуси Ӯзбекистонӣ кушта шуд

Қабл аз ин Толибон борҳо эълон карда буданд, ки ДОИШ* дар Афғонистон ҳузур надорад.

Манбаъи Sputnik Тоҷикистон ба нақли қавл аз истихбороти Тахор гуфт, субҳи имрӯз, 11 июн, идораи кашфи Толибон хабар додааст, ки як гуруҳ вориди шаҳри Толиқон шуда, мехоҳад ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳад.

“Дар гоми нахуст яке аз ин афродро, ки шаҳрванди хориҷӣ буд, дар маркази шаҳри Толиқон боздошт карданд ва аз ӯ дар бораи маҳалли будубоши ҳамраҳонаш иттилоъ гирифтанд”, - гуфт манбаъ.

Вай афзуд, бино ба иттилоъи фарди боздоштшуда, ҳудуди 14 нафари дигар, ки узви ДОИШ* буданд, соҳаи мавсум ба Пружаи Шарқии кӯчаи Калафгониҳои шаҳри Толиқон пинҳон шуда буданд ва бо силоҳҳои сабуку сангин гӯё мехостанд ба ягон қароргоҳи Толибон ҳамла кунанд.

“Вақте маҳалли будубоши онҳо собит мешавад, нерӯҳои горнизон ва истихбороти шаҳри Толиқон маҳалро муҳосира карда, манзилеро, ки доишиён паноҳ бурда буданд, мавриди ҳамла қарор медиҳанд”, - гуфт манбаъ.

Тибқи иттилоъи ӯ, ин даргирӣ ҳудуди се соат идома ёфта, 8 доишӣ ва 6 мулкии дигар ба ҳалокат расидаанд, аммо дар бораи талафоти нерӯҳои худи Толибон иттилоъ дода намешавад.

“Аз афроди мулкӣ чаҳор нафар ронанда, як нафар сартарош ва як устои мошин буданд. Дар умум се доишӣ боздошт ва ду нафари онҳо ҳам фирор кардаанд”, - гуфт ӯ.

Бино ба иттилоъи ин манбаъ, доишиён ҳамагӣ шаҳрвандони хориҷӣ, бештаринашон шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва маҳалле, ки паноҳ бурда буданд, ӯзбекнишин будааст.

“Аз афроди боздоштшуда маълум шудааст, ки фармондеҳи ин гурӯҳ фарде ба номи Юнуси Ӯзбекистонӣ, шаҳрванди Ӯзбекистон будааст.

 Аммо ҳувияти афроди боқимондаро манбаъ нахост ифшо кунад. Толибон ҳамеша ҳувиятҳоро пинҳон мекунанд”, - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, замони вуқуъи ин даргирӣ расонаҳо хабар дода буданд, ки даргирӣ миёни решаи қавмӣ дошта, миёни Раёсати вилоятии амнияти миллӣ бо сардории як паштун ва фармондеҳии пулис бо фармондеҳии як ӯзбек иттифоқ афтодааст.

Баъдтар Ансоруллоҳ Ансор, раиси иттилоот ва фарҳанги вилояти Тахор ба расонаҳои маҳаллӣ гуфт, ҷанг алайҳи ҷангиёни ДОИШ* будааст.

 Аммо дере нагузашта вай аз расонаҳо хост, ки аслан аз ДОИШ* ном набаранд, зеро Толибон ҳамеша ҳузури ин гуруҳи террористӣ дар Афғонистонро инкор мекарданд.

* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон 



Сарчашма:Sputnik



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.