расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз эҳтимоли камобӣ дар Осиёи Марказӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз эҳтимоли камобӣ дар Осиёи Марказӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, агар обшавии пиряхҳо тезтар шавад, Осиёи Марказӣ солҳои оянда оби кофӣ нахоҳад дошт.
Оқои Раҳмон рӯзи 4-уми июн дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилофи обу иқлим аз гармшавии иқлим ва обшавии пиряхҳо нигаронӣ кард. Душанбе ин ҳафта мизбони чанд нишасти ҷаҳонии вобаста ба мушкилоти об аст.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, захираҳои об дар рушди Тоҷикистон “нақши калидӣ доранд, вале дар айни замон, ин захираҳои ҳаётан муҳим имрӯз зери таъсири шадиди тағйироти иқлим қарор гирифтаанд. Ҳол он, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои саноатӣ ба шумор намеравад ва 98 фоизи неруи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ, манбаи барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад.”
Мавзӯи асосии суҳбати Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиш обшавии пиряхҳо буд. Ӯ гуфт, танҳо дар чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазор пирях дар Тоҷикистон аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, агар обшавии пиряхҳо суръат гирад, Осиёи Марказӣ ба камбуди об дучор мешавад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон аз обҳои кишвар танҳо 4 дарсадашро истифода мебарад ва боқии он барои кишварҳои поёноб меравад.
“Агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафари аҳолӣ дар минтақа солона зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукаабро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда имрӯз зиёда аз чор баробар кам гардидааст,” - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Тоҷикистону Қирғизистон дар саргаҳи кишварҳои оби Осиёи Марказӣ меистанд. Чанд сол пеш кишварҳои поёноб аз ҷумла Узбекистон дар масъалаи тақсими об ва бунёди обанборҳо дар кишварҳои болооб норозигӣ карда буданд.
Омӯзиши гуруҳе аз донишмандони тоҷик дар моҳи октябри соли 2019 нишон додааст, ки пиряхи Зарафшон дар чаҳор даҳаи гузашта ҳар сол тақрибан 40-метрӣ ақибнишинӣ карда, аз масоҳати азиму барфи яхе, ки дошт фақат хоку санг мондааст. Пиряхи мазкур дар байни қаторкӯҳҳои Зарафшон ва Туркистон ҷойгир аст ва Зарафшон - яке аз муҳимтарин рӯдхонаҳои Тоҷикистон ва ҳамингуна Осиёи Марказӣ аз он сарчашма мегирад.
Дар ҳавзаи Зарафшон, ки дар байни Тоҷикистону Узбекистон тақсим шудааст, миллионҳо нафар зиндагӣ мекунанд ва зиндагиву кори бештар аз 6 миллион нафар аз аҳолии кишвари ҳамсоя ба оби ҳавзаи Зарафшон вобаста аст. Рӯдхонаи ҳамноми пирях 900 километр дарозӣ дорад ва 500 километри он аз қаламрави Узбекистон мегузарад.
Дар Тоҷикистон, ки кишвари болооби Осиёи Марказӣ ва сарчашмаи аслии оби ин гӯшаи хушку гарми курраи Замин аст, 65 дар сади оби минтақа ҳосил мешавад. Дар як китоби донишмандони кишвар аз соли 2003 бо номи “Пиряхҳои Тоҷикистон” омадааст: “Агар дар ҳавзаи Зарафшон дар ним асри гузашта сеяки майдонҳои яхбаста бухор шуда ва ҳаҷми ях ним баробар кам шуда бошад, пас то соли 2050 ҳеҷ гуна яхе дар ин ҳавза намемонад.”
Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози солҳои 2000-ум дар масъалаи таъмини оби нӯшокӣ ба Созмони Милал пешниҳодҳои зиёд ироа кардааст. Вале мунтақидон мегӯянд, мақомот бояд ба мушкили таъмини об дар дохили кишвар таваҷҷуҳ кунанд.
Дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилофи обу иқлим асосан масъалаи тағйирёбии иқлим ва камбуди об баҳс шуд. Петтери Таалас - Дабири кулли Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WМO) гуфт, имрӯз 2,3 миллиард аҳолии сайёра аз нарасидани об азият мекашанд.
Қарор аст аз рӯзи 6 то 9-уми июн дар Душанбе чанд ҳамоиш вобаста ба масъалаи об баргузор шавад. Нишасти асосӣ рӯзи 7-уми июн бо ҳузури раиси ҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон ва ду муовини Дабири кулли Созмони Милал доир мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.