расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » НАРХИ САФАРИ ҲАҶРО ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 61 ҲАЗОР СОМОНӢ БОЛО БУРДААНД

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Дин

НАРХИ САФАРИ ҲАҶРО ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 61 ҲАЗОР СОМОНӢ БОЛО БУРДААНД


Арабистони Саудӣ имсол ба 3562 нафар аз Тоҷикистон иҷозати сафари Ҳаҷ додааст. Вале харҷи сафари Ҳаҷ 61 ҳазор сомонӣ, ё 5350 доллар муқаррар шудааст, ки ин назар ба соли 2019, охирин соли сафари зоирони тоҷик ба Маккаву Мадина, 26 ҳазор сомонӣ, ё 1600 доллар бештар аст.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон боло рафтани нархи маводи сӯхт ва ҳам хидматрасониҳои Саудиро далели чунин башиддат боло рафтани нархи сафари Ҳаҷ номид ва гуфт, агар соли 2019 Саудӣ барои хидматрасонӣ ба як зоир 236 доллар талаб мекард, ҳоло 1424 доллар металабад.  Кумитаи дин гуфт, нархи сафари Ҳаҷ дар дигар кишварҳо низ боло рафта, дар Ӯзбек истон 5650 доллар, дар Русия ҳудуди 6000 доллар ва дар Қазоқистон 6500 долар шудааст. Квотаи ҷудошуда барои Тоҷикистон назар ба 6300 нафари қаблӣ тақрибан 2800 нафар камтар аст ва Афшин Муқим гуфт, бартарӣ ба онҳое дода мешавад, ки соли 2020 барои зиёрати Каъба номнавис шуданд, аммо ба сабаби пандемия сафарашон бекор шуд. Сафари зоирон аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ 20-уми июн оғоз шуда, 17-уми июл ба поён мерасад.

Тоҷикони аз 40 то 65-соларо ба ҳаҷҷи фарзӣ мефиристанд, вале бо нархи гаронтар

Пас аз ду соли “танаффус” ба сокинони аз 40 то 65-солаи Тоҷикистон иҷоза додаанд, ки барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ бираванд, вале бо харҷи бештар.
Ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, арзиши имсолаи сафари Ҳаҷ тақрибан 61 ҳазор сомонӣ, муодили 5350 доллар, ҳисоб шудааст. Дар соли 2019 беш аз 35 ҳазор сомонӣ (ба ҳисоби онвақта 3750 доллар) буд.
Мақомот дар Тоҷикистон сабаби гаронии нархи ҳаҷро ба маҷмӯи хидматрасониҳое рабт доданд, ки “кишвари мизбон дар мавзеи Мино, Арафот ва Муздалифа пешниҳод мекунад”.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон, рӯзи 2-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт: “Соли 2019 барои хидматрасонӣ дар Минову Арафот барои ҳар як зоир 236 доллар талаб мешуд. Имсол, бинобар ба эътибор гирифтани чораҳои ҷиддии беҳдоштӣ, кишвари мизбон арзиши хидматрасониҳоро дар Минову Арафот 1424 доллар муайян кардааст.”
Сухангӯйи Кумитаи дин сабаби дигари афзоиши харҷи сафарро ба “болоравии арзиши сӯзишворӣ ва хидматрасонии нақлиётӣ” номид.
Имсол нархи сафари Ҳаҷ барои сокинони кишварҳои дигар низ афзудааст. Харҷи миёнаи сафари зоирон дар Узбекистон 5650 доллар, дар Русия ҳудуди 6000 доллар ва дар Қазоқистон 6500 доларро ташкил медиҳад.
Сафари зоирон аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ 20-уми июн оғоз шуда, 17-уми июл ба поён мерасад. Бино ба квотаи Арабистони Саудӣ, имсол аз Тоҷикистон 3562 нафар ба ҳаҷ хоҳанд рафт. То давраи пандемия барои Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор ҷой ҷудо мешуд.
“Бартарӣ ба онҳое дода мешавад, ки соли 2020 барои зиёрати Каъба номнавис шуда буданд, аммо ба сабаби пандемияи коронавирус сафарашон бекор шуда буд,” –– гуфт Афшини Муқим.
Сокинони Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба сабаби пандемияи коронавирус ду соли охир аз адои ҳаҷҷи фарзӣ маҳрум буданд ё танҳо гуруҳи маҳдуд онро ба ҷо оварданд.
Чанд сол боз дар Тоҷикистон тарғиб мекунанд, ки сокинон маблағи сафари ҳаҷ, яке аз рукнҳои муҳими дини исломро ба сохтмони пулу мактаб ва роҳу иншооти дигари иҷтимоӣ сарф кунанд. Мухолифон ҳукуматро танқид мекунанд, ки бо истифода аз нерӯву пули мардум мушкилоти иҷтимоиро ҳал карданист.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.