расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Нишасти амниятии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе оғоз шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Нишасти амниятии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе оғоз шуд


Нишасти амниятии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе оғоз шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд. 
Манбаъ мегӯяд, ки муколамаи чоруми минтақавии котибони амнияти миллии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ду рӯз - 26 ва 27 май идома хоҳад кард.
Дар нишасти мазкур, котибони Шӯроҳои амниятии 8 кишвар: Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон,  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат ва вазъи кунинии Афғонистон ва роҳҳои кӯмак ба ин кишварро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
- Бештари котибони амниятии кишварҳои ширкаткунанда аллакай ба Тоҷикистон омадаанд. Имрӯз, бахши аввали нишаст ба кори худ оғоз кард. Пагоҳ, 27 май баҳси асосии муколама баргузор хоҳад шуд, -гуфтанд аз ВКХ.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пештар "Афғонистон интернейшнл" бо такя ба рӯзномаи ҳиндии "The Times of India" хаба дода буд, ки қарор  аст дар душанбе як конфронси амниятии байналмилалӣ дар мавриди Афғонистон баргузор шавад
Рӯзномаи "The Times of India" навишта буд, ки Ҳинд дар ин конфронс  бори дигар бар ташкили як ҳукумати фарогир таъкид мекунад. 
Интизор меравад, Тоҷикистон низ мавқеи худро дар робита ба вазъи Афғонистон, ки ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳамаҷонибаи мушкили Афғонистон ва ташкили ҳукумати фарогир тавассути интихобот ва бо иштироки тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ, қавмӣ ва иҷтимоӣ, дар ин кишвар аст, таъкид намояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.