расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Конфронсии амниятии Чину Русияву Эрону Ҳинд дар Душанбе

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Конфронсии амниятии Чину Русияву Эрону Ҳинд дар Душанбе


Қарор  аст дар душанбе як конфронси амниятии байналмилалӣ дар мавриди Афғонистон баргузор шавад. Дар ин бора "Афғонистон интернейшнл" бо такя ба рӯзномаи ҳиндии "The Times of India" хабар медиҳад. 
Гуфта мешавад, ин конфронси дурӯза бо мизбонии Тоҷикистон баргузор мешавад ва қарор аст он рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи ҷорӣ оғоз шавад.
Манбаъ менависад, ки дар ин нишасти амниятӣ намояндагони Ҳинд, Русия, Чин ва Эрон ширкат мекунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то кунун дар бораи ин нишасти амниятӣ маълумоте нашр накардааст. Рӯзномаи "The Times of India" навиштааст, ки Ҳинд дар ин конфронс  бори дигар бар ташкили як ҳукумати фарогир таъкид мекунад. 
Ба навиштаи ин рӯзнома Аҷет Дуол, мушовири амнияти милии Ҳинд низ дар ин ҷаласа ширкат хоҳад кард. 
Манбаъ навиштааст, ки ба ҷуз кишварҳои Русияву Чину Ҳинду Эрон аз кишварҳои дигари Осиёи Миёна ҳам даъват шудааст, ки дар ин нишасти амниятӣ ширкат кунанд. Аммо дар ҳоли ҳозир мушаххас нест, ки онҳо ширкат мекунанд ё не. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.