расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дар Туркманистон кишоварзонро маҷбур мекунанд, ки гандуми норасидаро ҷамъоварӣ кунанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Дар Туркманистон кишоварзонро маҷбур мекунанд, ки гандуми норасидаро ҷамъоварӣ кунанд


Туркманистон ибтидои моҳи июн мавсими ҷамъоварии ҳосили гандумро расман оғоз мекунад.
Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки дар баъзе аз киштзорҳои вилояти Марии он кишвар аллакай дараваи гандум шуруъ шудааст.
"Баъзе аз хоҷагиҳони деҳқонӣ дар ноҳияи Мурғоби Марӣ дарави гандумро оғоз кардаанд", - иттилоъ медиҳад хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.
Аммо кишоварзони маҳаллӣ мегӯянд, барои дарави гандум ҳанӯз вақт ҳаст ва он ҳоло нарасидааст. Кишоварзон гуфтанд, мақомот онҳоро маҷбур мекунанд, ки ҷамъоварии ҳосили гандумро оғоз намоянд.
Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов 13 май эълом кард, ки барои ҷамъоварии ҳосили гандум дар соли равон комиссияи давлатӣ ташкил карда шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.