расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Даргузашти генерале, ки марзи Тоҷикистонро ҳифз мекард: ҷанозаашро ба Рӯшон бурданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҳаводис

Даргузашти генерале, ки марзи Тоҷикистонро ҳифз мекард: ҷанозаашро ба Рӯшон бурданд

Дар Душанбе боз як генерал - майори мустаъфии Қушунҳои марзбонии Тоҷикистон, Сабза Саркоров даргузашт.

Феълан иллати марги Саркоров маълум нест, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ марги генерал - майоррро бемории дил арзёбӣ намудаанд.

Саркоров 68 - сола буд ва ҳоло ҷанозаи ӯро барои гӯру чуб ба зодбумаш ноҳияи Рӯшони ВМКБ бурдаанд.

Сабза Саркоров соли 1954 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, дар солҳои 90 яке аз тарафдорони созмони "Лаъли Бадахшон" буд.

Ӯ моҳи марти соли 1999 ба намояндагӣ аз "Лаъли Бадахшон" бар асоси саҳмияи сифоизае, ки тибқи Созишномаи сулҳ ба Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик дода шуд, ибтидо муовини раиси Агентии амволи махсус ва сипас муовини фармондеҳи Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ таъйин шуд ва солҳои тӯлонӣ, то дами ба нафақа рафтанаш дар фармондеҳии нирӯҳои сарҳадӣ хидмат кард.

Он замон Саркоров масъулияти ҳифозати марзҳои Тоҷикистон бо Чин ва сипас бо Афғонистонро пурра ба дӯши худ гирифтанд.

Маврид ба зикар аст, ки дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ чанд пеш дар пайи як амалиёте, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон пиёда намуданд, даҳҳо нафар кушта шуда, боз теъдоди зиёди дигар шадидан захмӣ гардиданд.

Вазъият ҳоло дар ин ноҳия ором арзёбӣ мешавад, вале дар маркази ВМКБ вазъ ҳоло нигаронкунанда боқӣ мемонад.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.