расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Русия барои барқарорсозии манотиқи озодшудаи Украина, ситод таъсис дод

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҷаҳон

Русия барои барқарорсозии манотиқи озодшудаи Украина, ситод таъсис дод

Корҳо оид ба барқарорсозии қаламравҳои озодшудаи Украина ва Донбасс, ки дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ осеб дидаанд, дар реҷаи штатӣ сурат мегирад.

Дар ин бора муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин рӯзи ҷумъа дар суҳбат бо рӯзноманигрон қайд кард.

"Мо штаби махсус ташкил кардем, ки ба он тамоми мақомоти манфиатдор дохил мешаванд", — гуфт вай.

Ҳуснуллин афзуд, ки ҷадвали муқаррар кардани вазифаҳои барқарорсозии ҳудудҳо табиати "зинда" дорад.
"Мо вазифаҳо барои як рӯз, як ҳафта, як моҳ ва то Соли нав дорем. Чунин вазифаҳоро дар пеш гузоштаем", - афзуд ӯ.

Муовини сарвазир ҳамчунин қайд кард, ки дар нақшаи ситод барқарорсозии тамоми роҳҳо ва манзилҳои харобшуда пешбинӣ шудааст.

Маҷмуаи тадбирҳое, ки аз рӯи он ҳам корбарӣ мешавад, барқарор намудани иқтисодиёти ҳудудҳои зарардида мебошад. Ба гуфтаи ӯ, "барои зудтар ба кор андохтани низоми молӣ як қатор тадбирҳо андешида шудаанд".

Инчунин, дар соҳаи таъминоти хоҷагии қишлоқ бисёр масъалаҳоро ҳал кардан лозим аст, афзуд Ҳуснуллин.

Сиёсатмадор рӯзи 8 май ба Мариупол, Волноваха, Луганск ва дигар шаҳрҳои ҶМД ва ҶМЛ сафар карда, дар он ҷо бо сокинони маҳаллӣ ҳам сҳбат кард.

Вай таъкид кард, ки дар заминаи ироаи кумакҳои башардӯстона корҳои бузургеро анҷом додан лозим аст ва афзуд, ки корҳо зиёданд.


Баъдтар, 17 ва 18 май муовини сарвазир ба ҳудуди вилоятҳои Херсон ва Запороже сафар карда, шаҳрҳои Херсон ва Мелитополро аз назар гузаронд. Дар он ҷо ӯ изҳор дошт, ки Русия ба барқарорсозии инфрасохтори минтақаҳо машғул хоҳад шуд.

Ҳамчунин қаблан гузориш шуд, ки корвони иборат аз 70 мошин ва ҳудуди 350 мутахассиси барои барқарорсозӣ аз Русия ба Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск ворид шудааст.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.