расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Шиносномаҳои рӯзноманигори таҳқиқгари қирғиз Болот Темировро бекор кардаанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Шиносномаҳои рӯзноманигори таҳқиқгари қирғиз Болот Темировро бекор кардаанд


Болот Темиров, рӯзноманигори қирғизистонӣ хабар дод, ки шиносномаҳои ӯро беэътибор донистаанд.
Вай дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, беэътибор донистани шиносномаҳои вай бо талаби муфаттиш сурат гирифтааст.
"Сарфи назар аз он ки парвандаи ман дар ҳоли баррасӣ аст, муфаттиш аз ҳадди салоҳиятҳои худ берун рафта, шиносномаҳои маро беэътибор кардааст. Ин амали ғайриқонунӣ аст, муфаттиш чунин салоҳият надорад. Ман ба додситонӣ муроҷиат кардам", - гуфт Темиров.
Темиров 18 апрел таҳқиқоти рӯзноманигориеро дар бораи ширкати писари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар тендерҳои давлатӣ нашр кард. Рӯзи 19 апрел мақомот хабар доданд, ки нисбати Темиров парвандаҳои нав дар бораи "Тақаллуби ҳуҷҷатҳо" ва "Убури ғайриқонунии марз" кушода шудааст. Темиров мегӯяд, ба хотири фаъолиятҳои касбиаш таъқиби ҷиноӣ мешавад.
Дар моҳи январи имсол низ нисбати Темиров бар асосии моддаи нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир парванда боз карда буданд. Он замон низ вай дар бораи Қамчибек Тошиев таҳқиқоти рӯзноманигорӣ нашр карда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.