расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » БОЗДОШТИ ДУ КОРМАНДИ АНДОЗ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ 2500 ДОЛЛАР ПОРА

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

БОЗДОШТИ ДУ КОРМАНДИ АНДОЗ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ 2500 ДОЛЛАР ПОРА

Сайидалӣ Шариф, сардори шӯъбаи шахсони воқеии нозироти андози шаҳри Панҷакент бо гумони гирифтани пора дастгир шудааст.
Чанд манбаъ аз нозироти андози Панҷакент дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” ин хабарро таъйид намуда, гуфтанд, ҳамроҳи Сайидалӣ Шариф як  корманди дигари ин ниҳод низ будааст.
Ин ду корманди нозироти андоз аз тарафи мақомоти прокуратура дастгир шудаанд.
Гуфта мешавад Сайидалӣ Шариф ва ҳамкораш бо гумони гирифтани 2500$ ришва аз як корафтода, дастгир шудаанд.
Тафсилоти дигари хабар дастрас нест ва  кушода шудан ё нашудани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ин ду корманди андози Панҷакент ҳам маълум нест.
Вақтҳои охир шикоятҳо аз кормандони нозироти андози шаҳри Панҷакент, ба хусус аз шӯъбае, ки Сайидалӣ Шариф роҳбарӣ мекард, зиёд шуда буд.
Мақомоти андоз дар Тоҷикистон аз ҷумла фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ ном бурда мешаванд. Сокинон аз тамаъҷӯии кормандони ин соҳа зиёд шикоят мекунанд.
Аз аввали моҳи май ин алакай дуюмин хабари бо ҷурми гирифтани пора ба даст афтодани кормандони андоз аст, ки расонаӣ мешавад.
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  рӯзи 3 май аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдани парвандаи як корманди нозироти андози шаҳри Ваҳдат хабар дода буд. Ғаффоров Ҷамшед Ҳакимович бар асоси қисми якуми моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор айбдор мешавад.
 Маркази матбуоти агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Шаҳрванд “А” бо ариза ба Агентӣ муроҷиат намуда хоҳиш кард, ки нисбати мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ бо шахсони ҳуқуқии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат Ғаффоров Ҷамшед Ҳакимович чораи қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба доираи ваколати хизматиаш дохил мешавад, аз охирин ба сифати пора маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда маблағи 5000 сомониро талаб намуда истодааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ғаффоров Ҷ.Ҳ. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд”.
Ба корманди ҳамакнун собиқи андози шаҳри Ваҳдат барои гирифтани пора ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 233 600 сомонӣ то 584 ҳазор сомонӣ, ё қариб 50 ҳазор доллар) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.