расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Чор бонуи тоҷик дар чемпионати ҷаҳон муштзанӣ мекунанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

Чор бонуи тоҷик дар чемпионати ҷаҳон муштзанӣ мекунанд


Чор бонуи тоҷикистонӣ дар шаҳри Истанбул барои унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи бокс ва 100 ҳазор доллар мукофотпулӣ зӯрозмоӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Чемпионати ҷаҳон дар риштаи бок миёни бонувон аз аз 6 то 21 май дар шаҳри Истанбул бо иштироки намояндагони 93 давлати дунё дар назар аст.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар маҷмуъ дар мусобиқа 419 варзишгар иштирок мекунанд, ки 4 нафарашон тоҷикистониянд.
Манбаъ афзуд, ки дар ин мусобиқаи бонфуз 4 варзишгари тоҷик - Сумайя Қосимова дар вазни то 48 кило, Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50 кило, Миҷгона Самадова - 57 кило ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 63 кило намояндагӣ мекунанд.
Бонувони тоҷикистонӣ қабл аз сафар ба ин мусобиқот дар ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуданд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи 11 вазн сурат мегирад ва фонди ҷоизавии он 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар ҳар вазн ғолибону ҷоизадорон ҳамон маблағеро мегиранд, ки мардҳо дар чемпионати ҷаҳон соли 2021 гирифта буданд. Аз ҷумла барои ҷои 1-ум - 100 ҳазор доллар, 2-юм - 50 ҳазор доллар ва ду ҷои 3-юм 25 ҳазордолларӣ пешбинӣ гардидаст.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон аз қаҳрамонии ҷаҳон миёни бонувон дар риштаи бокс як медал - биринҷӣ дорад, ки онро Мавзуна Чориева соли 2012 дар Синхуандаои Чин ба даст овард.
Дар доираи чемпионат, ҳамчунин Конгресси ғайринавбатии Ассотсиатсияи байналмилалии бокс баргузор мегардад, ки дар он президент ва аъзои Шӯрои директорон интихоб мегарданд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ба вазифаи президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс номзадии Умар Кремлев аз Русия ва Борис ван дер Ворст аз Нидерланд пешниҳод гардидаст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.