АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа
ДАР НОҲИЯИ ВАХШ ДОМОДУ АРӮС БАЪДИ ЧАНД РӮЗИ ТӮЯШОН ХУДКУШӢ КАРДААНД
Соати тахминан яки шаби 26 ба 27 март дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон домоду арӯс якҷо даст ба худкушӣ задаанд.Бино ба иттилои манбаи сомонаи Pressa.tj, ин ҷавонон ҳанӯз се-чор рӯз пеш, тахминан 25-уми марти соли равон бо ҳам издивоҷ карда будаанд.
Як манбаъ бо шарти зикр накардани номаш ба “Пресса” гуфтааст, ки ҷавонон дар деҳаи Яккатути ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш даст ба худкушӣ задаанд. Ҳанӯз сабаби даст ба худкушӣ задани домоду арӯс барои мо маълум нест.
Аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Вахш хабари даст ба худкушӣ задани домоду арӯсро тасдиқ карданд. Аз ҷавонони худкушикарда Шарифбек Зиёев, сокини ноҳияи Вахш ва Гулҳавас Шоева, сокини ноҳияи Кӯшониён ном бурда шуд.
Гуфта мешавад, ки онҳо шаби 26 ба 27-уми марти соли равон, тахминан соатҳои як шабона дар манзили истиқоматии домод, дар оғилхона худро ба дор овехтаанд.
Тафсилоти дигари ин ҳодиса ҳанӯз дастрас нест.
Ҳарсол дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати худкушӣ ё қасди худкушӣ сабт мешавад. Беш аз нисфи онҳоеро, ки ба ҷони худ қасд мекунанд, занону духтарон ташкил медиҳанд. Муноқишаҳои оилавӣ, камбудиҳои рӯзгор, афсурдагӣ, ноумедӣ ва хушунат дар оила аз сабабҳои умдаи худкушии занону духтарони тоҷик ном бурда мешаванд.
Вале ҳолатҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашондани шавҳарон ва дигар аъзои оила бо ҷурми ба худкушӣ расондан дар кишвар то ҳол ками дар кам аст.
Худкушии домоду арӯс дар Вахш аз нахустин мавридҳои якбора худро куштани домоду арӯс дар Тоҷикистон ном бурда мешавад. Вале сабаби худкушии ин домоду арӯси номурод номаълум боқӣ мемонад.
Барои маълумот: Соли 2021 дар Тоҷикистон 518 ҳолати худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт шудааст, ки ин назар ба як соли қабл 47 маврид камтар аст. Дар 246 маврид занону духтарон, аз ҷумла 52 духтари ноболиғ ба ҷони худ қасд кардаанд. Соли 2020 дар Тоҷикистон 272 ҳолати қасди худкушии занону духтарон сабт шуда буд. 53 нафари онҳо духтарони ноболиғ буданд.