расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 2 апрел? Шӯрои уламо чӣ мегӯяд?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Дин

Оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 2 апрел? Шӯрои уламо чӣ мегӯяд?

Интизор меравад дар Тоҷикистон 2-юми апрел расман оғози моҳи шарифи Рамазон эълон шавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, бо эҳтимоли зиёд дар назар аст, ки моҳи Рамазаон 2 апрел оғоз гардад, вале  фардо рӯзи 29 март  дар ҷаласаи аъзои  Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ саънаи дақиқи моҳи шарифи Рамазон маълум ва эълон мешавад, - гуфтанд аз Кумитаи дин. 
Ин дар ҳолест, ки дар Душанбе ва бархе шаҳрҳои дигари Тоҷикистон аз чанд рӯз пештар тақвимҳои моҳи шарифи Рамазон нашр ва фурӯхта мешаванд, ки дар онҳо оғози Рамазон 2-юми апрел нишон дода шудааст.Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта Шӯрои улмаои Тоҷикистон оғози Рамазонро 13-уми апрел эълон карда буд.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Ид Фитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.
Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон, мутобиқи фармудаҳои дини ислом, ҳукми Худованд буда, мисли намозу закоту Ҳаҷҷ яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад.
Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.