расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » ВКХ Тоҷикистон: “Миёни осебдидагон дар Украина шаҳрвандони мо нестанд”

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Муҳоҷир / Ҷаҳон

ВКХ Тоҷикистон: “Миёни осебдидагон дар Украина шаҳрвандони мо нестанд”


То субҳи 2 март дар робита ба шиддат гирифтани вазъият дар Украина тайи рӯзҳои ахир шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаламрави Украинаро тарк кардан мехоҳанд, хеле зиёд шуд. То ҳозир 823 нафар ба Лаҳистон (Полша) ва 121 нафар ба Молдова рафтанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ин рақамҳо иваз шуда метавонанд, зеро хоҳишмандон дар сарҳадҳои Лаҳистону Молдова дар навбат истодаанд.
Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Украина, миёни осебдидагон дар ин кишвар шаҳрвандони мо нестанд.
“Се нафар шаҳрвандони мо, ки дар ҳайати махсуси мониторингии САҲА кор мекунанд, ба шаҳри Ростови лаби Дон кӯчонида шуданд”, - хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.Сафорати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали рӯйдодҳо раванди тартиб додани рӯйхати шаҳрвандонеро, ки хоҳиши бозгашт ба Ватанро доранд, ба роҳ монд.
Гуфта мешавад, мақсад аз роҳандозии ин кор дар давраи кунунӣ пеш аз ҳама, машварат додан ба ҳар кадоме аз шаҳрвандони муроҷиаткунанда аст.
“Барои ин мо аз имконоти сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Молдова (қароргоҳ дар Киев), Руминия (қароргоҳ дар Вена) ва Лаҳистон (қароргоҳ дар Берлин) истифода мекунем.
Ва табиист, ки сафоратхонаи мо дар Киев фаъолона дар ин самт шабонарӯзӣ кор мекунад. Рӯзи 1 март як корманди сафорат ба шаҳри Кишинев ва як корманди дигар ба шаҳри Лвов фиристода шуданд, то ки масоили марбут ба хориҷ шудани шаҳрвандони моро дар ҳамон ҷо ҳал кунанд.
Хатҳои “тамоси доимӣ”-и телефонҳо фаъол буда, кормандони масъул вазифадор шуданд, ки дар сурати муроҷиати шаҳрвнадон ба онҳо муфассал имконоти баргаштан ба ватанро шарҳ диҳанд”, - гуфт як манбаъ дар ВКХ Тоҷикистон.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20220303/vkh-toikiston-miyoni-osebdidagon-dar-ukraina-sharvandoni-mo-nestand

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.