расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири навтаъини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Президент / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири навтаъини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул кард


Дар Қасри миллат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 март аз 12 сафири нави кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни маросими эътимодномасупорӣ ба президенти Тоҷикистон сафирони Япония - Айки Тошиҳиро, Ҷумҳурии Корея - Квон Донг Сок, Ҷумҳурии Арабии Миср - Назиҳ Алӣ Баҳа Ад-Дин Ал-Нагарӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб - Муҳаммад Саид Муҳаммад Ал-Ариқӣ, Салтанати Умон - Иброҳим ибн Аҳмад Ал-Муинӣ, Давлати Исроил - хонум Зеавит Бен Хиллел, Подшоҳии Белгия - Анрӣ Вантигем, Ҷумҳурии Австрия - Вилли Кемпел, Подшоҳии Норвегия - Ҷон Микал Квистад, Руминия - хонум Мэдэлина Лупу, Ордени Мухтори Малта - Иван Лалан Бердутик ва Канада - Алан Хемсен, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз дошт, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Пешвои миллат таъкид дошт, ки Давлати Тоҷикистон тайи 30 соли соҳибистиқлолии худ пайваста кӯшиш ба харҷ додааст, ки бо тамоми кишварҳои дуру наздик равобити фаъолу созандаро ба роҳ монда, сафи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ бештар густурда гардонад. То имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 180 давлати минтақаҳои гуногуни олам робитаҳои дипломатиашро барпо намуда, дар ростои рушди бемайлони муносибатҳои худ бо ин кишварҳо пайгирона чораҳои зарурӣ меандешад.
Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Дар ин замина Президенти мамлакат таъкид намуд, ки мо бо доираи васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманду баробарҳуқуқро дар самтҳои мухталифи соҳаҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарии мавриди таваҷҷуҳ роҳандозӣ намуда, густариш медиҳем.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки аксари кулли кишварҳое, ки муаррифии онҳо имрӯз ба ӯҳдаи сафирони навтаъин, вогузор гардидааст, соҳибихтиёрии Тоҷикистонро дар қатори аввалинҳо ба расмият шинохтанд ва имрӯзҳо дар қатори шарикони фаъоли байналмилалии давлати мо қарор доранд.
Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои Япония, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Арабии Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб, Салтанати Умон, Давлати Исроил, Подшоҳии Белгия, Ҷумҳурии Австрия, Подшоҳии Норвегия, Руминия, Ордени Мухтори Малта ва Канада, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулодда ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки  рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.
Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ карда, таъкид дошт, ки дар чунин шароити ҳассос ҳамраъйиву ҳамкории самараноки байналмилалӣ ва таҳкими усули ҳусни тафоҳум дар муносибатҳои байни давлатҳо ҳамчун омили калидии устуворнокии ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатарҳо ва таҳдидҳои амниятии глобалӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунад.
“Ба ин манзур имрӯз дар назди мо вазифаҳои умдаи вобаста ба тавсеа ва густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи кишварҳоямон истодаанд”, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки “давлати Тоҷикистон пешбурди минбаъдаи шарикӣ бо кишварҳои сафирони навтаъиншуда ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд”.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/power/20220303/emomal-ramon-az-12-safiri-navtaini-kishvaroi-hori-etimodnoma-abul-kard

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.