расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Матвиенко гуфтааст, “президенти Тоҷикистонро дар бораи вазъи атрофи Украина огоҳ кард”

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Президент / Сиёсат

Матвиенко гуфтааст, “президенти Тоҷикистонро дар бораи вазъи атрофи Украина огоҳ кард”

Хабаргузории русии ТАСС рӯзи 25-уми феврал гуфт, раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко, ки дар Душанбе қарор дорад, дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯро "дар бораи вазъи кунунӣ атрофи Украина огоҳ кардааст".
Матвиенко дар мулоқот бо Раҳмон, ки рӯзи ҷумъа баргузор шуд, гуфтааст: "Пеш аз сафар бо (президенти Русия) Владимир Владимирович (Путин) сӯҳбат доштем. Ба шумо саломи дӯстона расониданд, дар бораи мулоқоти охиратон дар моҳи декабри соли гузашта дар Санкт-Петербург ба некӣ ёд карданд ва ба ман супориш доданд,ки шуморо дар бораи вазъи кунунӣ атрофи Украина огоҳ кунам”. Хабаргузории русӣ дар бораи вокуниши эҳтимолии президенти Тоҷикистон ба ин мавзӯъ чизе намегӯяд.
Вебсайти президенти Тоҷикистон дар нашри хабаре оид ба мулоқоти Матвиенко ва Раҳмон мухтасар гуфтааст, ки "ҳамчунин доир ба авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳо дар баъзе минтақаҳо, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, табодули афкор сурат гирифт".
Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатдаморон ва порлумони Тоҷикистон ба рӯйдодҳои ахири Украина вокунише нишон надодаанд. Танҳо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба муҳоҷирони тоҷик дар Украина муроҷиат кард, ки аз эҳтиёт кор гиранд.
Рӯзи 24-уми феврал артиши Русия ба хоки Украина ҳамла кард. Шаҳрҳои гуногуни Украина дар 24 соати гузашта ҳадафи ҳамлаҳои густурдаи Русия аз замин, ҳаво ва баҳр қарор гирифтааст. Кишварҳои ғарбӣ ин ҳамларо маҳкум карда, алайҳи Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.
Бисёр раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ва Аврупову Ховари Миёна ҳамлаи низомии Русия ба Украинаро маҳкум карданд, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, бо гузашти беш аз 24 соат аз ин ҳодисаҳо ҳеҷ вокуниш ё изҳороте нашр нашудааст. Вебсайти хабаргузории расмии “Ховар” ҳам бо чанд хабари расмӣ, аз ҷумла, дастури Путин ба “амалиёти низомӣ дар Донбасс” ва муроҷиати вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба тоҷикистониён дар Украина иктифо кардааст.
Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 24 феврал даъвати Дабири кулли СММ Антониу Геттерешро нашр кард, ки ҳамлаи Русияро маҳкум мекунад. Вале пас аз чанд соат хабаргузорӣ ин иттилоъро аз сомонаи худ пок кард.
Вале корбарони тоҷикистонии шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯи шурӯи ҷанги Русия дар хоки Украинаро бештар аз ду зовия баррасӣ мекунанд. Садои мухолифони ин ҷангу маҳкумияти амалҳои Кремлин дар баробари тарафдорони он баланд садо медиҳад. Дар миёни онҳое, ки ин ҷангро ошкоро маҳкум кардаанд, бархе чеҳраҳои ҷамъиятӣ ҳам ба чашм мерасанд.
Дар миёни давлатдорони Осиёи Марказӣ ҳам вокуниш ба ҳодисаҳои Украина хеле заъиф аст. Дирӯз раиси сенати Қазоқистон Маулен Ашимбоев ба саволи хабарнигорон дар бораи таҳаввулоти атрофи Украина ин ҳодисаҳоро “амалиёти низомӣ” номид, онгуна, ки мақомот дар Кремлин мегӯянд, дар ҳоле, ки бисёриҳо ҳуҷуми Русияро “шурӯи ҷанг алайҳи Украина” номидаанд.
Ашимбоев ба суоли журналистон дар бораи эҳтимоли ҷалби нерӯҳои Созмони паймони амнити дастаҷамъӣ ба низоъ бо Украина посухи рад дод ва гуфт, ки "Маскав бо чунин дархосте муроҷиат намекунад", чун, ба гуфтааш, оинномаи ин созмони низомӣ дигар аст. Ин пурсиш, зоҳиран, бо ишора ба ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон буд, ки ошӯб ва беназмиҳои рухдода дар паи эътирозҳои мардумиро аз роҳи ворид кардани нирӯҳои СПАД ҳал карданд.
Бархе хабарнигорону коршиносон мегӯянд, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз сангари тарафдорону муттафиқони президенти Путин – як ҳомии низомҳои худкомаи ғайридемократӣ мебошад, ҳеҷ гоҳ ба таври ошкор амалҳои Маскавро алайҳи Украина маҳкум намекунанд. Ҳарчанд, ба қавли таҳлилгарон, аксари онҳо бо иқдомҳои ӯ розӣ буда наметавонанд, чунки айни чунин таҳдидро ба тамомияти арзиву истиқлолити худ ҳам аз ҷониби Маскав эҳсос мекунанд.
Дар ҳодисаҳои гузаштаи мисли эълони истиқлолияти Абхозистону Осетияи Ҷанубии Гурҷистон ваё ишғоли нимҷазираи украинии Қрим ҳам кишварҳои мисли Тоҷикистон ҳарчанд изҳороте нашр накарданд, вале истиқлолияти минтақаҳои ҷудоиталабро ҳам ба расмият нашинохтанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.