расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Фарзонаи Хуршед ба қавли худаш аз "шери нар" ҳомиладор шудааст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Фарзонаи Хуршед ба қавли худаш аз "шери нар" ҳомиладор шудааст

 
Сарояндаи машҳури Тоҷикистон Фарзонаи Хуршед аксеро нашр кардааст, ки аз ҳомиладор буданаш дарак медиҳад
Духтари хурдии приммадонаи тоҷик - Сурайё Қосимова - Фарзонаи Хуршед эҳтимолан интизори фарзанди сеюм аст.Акси ҳомиладории худро сароянда дар саҳифааш дар "Instagram" нашр кардааст.
Бо ин хабари хуш сарояндаро гурӯҳи серҳамванди "showbusiness.tj" дар "Instagram" муборакбод гуфтааст.
"Муборак шавад. Дар соли 2022 беҳтарин навгонӣ дар оилаи Шумо", - навишта шудааст дар шарҳи акси Фарзонаи Хуршед.
Ногуфта намонад, ки Фарзонаи Хуршед соҳиби ду фарзанд - як писару як духтар мебошад. Номи духтараш Закия ва писараш Муҳаммад аст.
Ин фарзандони ӯ ва ҳамсари собиқи Фарзона, сарояндаи эстрадаи тоҷик Фаридуни Хуршед мебошанд.
Фаридуни Хуршед соли 2019 баъди ҷудо шудан аз Фарзона, бори севум издивоҷ кард.
Он замон расонаҳо навиштанд, ки тӯйи Фаридун хоксора баргузор гардида, аммо исми ҳамсари савумаш расонаӣ нашуд. Фаридуни Хуршед аз издивоҷи сеюмаш соҳиби як писар аст.
Фарзона пас аз ҷудо шудан аз Фаридун дар барномаи интернетии "Пешсаф" аз ишқи нави худ қисса кард ва ҳатто акси ҳамсафари ҳаётии навашро ба муҷрии барнома нишон дод.
"Марди воқеъӣ - шери нар интихобатро нигоҳ намекунад. Албатта, дар зиндагии ман шери нар ҳаст",- гуфта буд Фарзона.
Вале хабари хонадор шудани Фарзонаи Хуршед расонаӣ нашудааст ва агар интизори фарзанд будани сароянда дақиқ бошад ҳам, аммо исми падари тифл то ҳол эълон нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.