расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҷамолиддин Нуралиев асрори “сиёсати пурсамари пулию қарзӣ”-ро дар Донишгоҳи миллӣ шарҳ дод

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Ҷамолиддин Нуралиев асрори “сиёсати пурсамари пулию қарзӣ”-ро дар Донишгоҳи миллӣ шарҳ дод

 
Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар ҳузури профессорон, устодон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии кишвар бо рӯнамоии мавзӯи “Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон дар шароити мураккаби иқтисодӣ. Барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ” маърӯза кард.
Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ хабар медиҳад, рӯнамои мазкур аз 74 слайд иборат буда, дар ҳар як слайди он 160 нишондиҳандаи гуногун дар 11 соли охир бо назардошти таҳлилҳо ва диаграммаҳо инъикос ёфтааст.
Гуфта мешавад, қисматҳои асосии рӯнамо аз татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, рушди низоми бонкӣ, рушди устувори бозори асъор ва стратегияи бартараф кардани буҳронҳо, ислоҳотҳои институтсионалии БМТ дар солҳои 2015-2021, тадбирҳои Бонки миллӣ ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои бо пандемияи Соvid-19 алоқаманд ва идомаи сиёсати пешгирифта иборат буданд.
Нуралиев зикр кард, ки вобаста ба вазъи низоми бонкӣ ва мукаммал гардидани сохтори он ислоҳоти “гузариш аз миқдор ба сифат” амалӣ мешавад, ки ба беҳтар шудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол, баланд шудани сатҳи кифоятии сармоя ва пардохтпазирӣ ва ғайра равона шудааст.
Ӯ таъкид дошт, ки дар натиҷаи таҳкими сифатии низоми бонкӣ нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ, новобаста аз берун шудани ташкилотҳои қарзии мушкилотдор (ғайри қобили пардохт) аз низоми бонкӣ, дар қиёс бо баъзе аз кишварҳо дар сатҳи баланд қарор дошта, беҳтаршавии вазъи молиявии низоми бонкӣ идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки Ҷамолиддин Нуралиев моҳи майи соли 2015 бо фармони президенти мамлакат муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикитсон таъин шуд.

Чӣ дорем?

Шумори ташкилотҳои қарзӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон тайи ҳафт соли ахир беш аз ду баробар - аз 137 ташкилот дар соли 2014 то ба 63 ташкилот дар ҳоли ҳозир коҳиш ёфт.
Соли гузашта БМТ иҷозатномаи фаъолияти се бонк - “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвсетбонк” ва “Кафолатбонк”-ро бозхонд кард. Ҷараёни барҳамдиҳии ду бонки аввал ҳанӯз тобистон ва ахирӣ - моҳи октябр оғоз гардид.
Ба ҷуз бонкҳои зикршуда, айни замон 59 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 5 бонк дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.
Байни онҳо 23 ташкилоти қарзӣ дар заминаи муфлисшавӣ ва 9 ташкилот - на бар асоси муфлисшавӣ дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор дошта, 27 ташкилот ихтиёран барҳам дода мешаванд.
Дар низоми бонкии Тоҷикистон 14 бонки тиҷоратӣ, 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фондҳои қарзии хурд боқӣ мондааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.