расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дабири кулли СПАД: “Барои пешгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ ба Тоҷикистон кумак лозим аст”

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Дабири кулли СПАД: “Барои пешгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ ба Тоҷикистон кумак лозим аст”


Дабири кулли Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) Станислав Зас дар бораи зарурати кумак ба Тоҷикистон дар пешгирӣ аз таҳдидҳои имконпазир изҳори назар кард.

Тавре ки ТАСС хабар медиҳад, дар ҷаласаи Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба умури ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва робитаҳо бо ҳамватанон ӯ ба вакилон доир ба вазъият дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ дар Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ маълумот дода, таҳдидҳоеро, ки метавонанд аз қаламрави Афгонистон ба амал оянд, баён кард.
“Дар пешгирӣ аз таҳдидҳои имконпазир ба Тоҷикистон кумак кардан зарур аст”, - таъкид дошт дабири кулли СПАД.
Гуфта мешавад, Станислав Зас ҳамчунин ба вакилон дар бораи натиҷаҳои амлиёти истиқрори сулҳ дар Қазоқистон маълумот дода, зикр кард, ки дар байни ҳайати шахсӣ, силоҳу муҳимот ва техника талафот нест.
Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ тариқи видеоконфронс аз аъзои Шӯро даъват кард, ки ба мавҷудияти гуруҳҳои хуфтаи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии байнулмилалӣ дар кишварҳои узви СПАД, инчунин талошҳои онҳо баҳри ҷалб ва таблиғ миёни шаҳрвандон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Ҳамчунин президент даъват кард, ки ба ҳамкории мутақобилаи мақомоти салоҳиятноки кишварҳои узви Созмон дар муқовимат ва рафъи ин таҳдилду чолишҳо тақвият бахшида шавад.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/security/20220121/dabiri-kulli-spad-baroi-peshgir-az-tadidoi-etimol-ba-toikiston-kumak-lozim-ast

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.