расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Нахуствазири Толибон: кишварҳои исломӣ пештози ба расмият шинохтани мо шаванд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Нахуствазири Толибон: кишварҳои исломӣ пештози ба расмият шинохтани мо шаванд


Мулло Ҳасан Охунд, нахуствазири Толибон дар нишасте зери номи "Конфронси иқтисодии Афғонистон" аз тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла кишварҳои исломӣ даъват кардааст, ки бо ба расмият шинохтани Толибон, соҳибистиқлол будани худро нишон диҳанд.
Ин нишаст, рӯзи чоршанбеи 19-уми январ дар Кобул баргузор шуд.
Нахуствазири Толибон гуфтааст, ки Аморати исломӣ тамоми меъёрҳои ба расмият шинохтанро такмил кардааст ва ҷаҳон бояд бе ҳеҷ интизории дигаре ҷуръат кунаду онҳоро ба расмият бишносад.
Ҳасанд Охунд аз кишварҳои исломӣ хостааст, ки дер бар расмият шинохтани давлати Толибон пештоз шаванд. 
Инъомуллоҳ Самангонӣ,  муовин сухангӯйи гурӯҳи "Толибон" дар твиттараш дар бораи Конфронси иқтисоди ин гурӯҳ навиштааст, ки "дар конфронси иқтисоди имрӯз намояндагон бист кишвар ҷаҳон ба гуна физикӣ ва намояндагони чиҳил кишвар ба гуна онлайн иштирок варзидаанд". 
 
Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки дар ин конфронс масоили иқтисодии Афғонистон, ба хусус чолишҳои сектори хусусӣ ва масоили бонкӣ ба баҳс гирифта шудааанд, то роҳҳои муносиби ҳал барои рафъ мушкилоти гуногун пайдо шавад. 
 
 Дар ин конфрон гурӯҳи "Толибон" аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд то ба тааҳҳудоти худ дар баробари кишваршон амал кунанд ва ҳамчунин ваъдаи худро барои иҷрои лоиҳаҳои муҳимме монанди сохти хатти лӯлаи гази Туркманистон - Афғонистон - Покистон - Ҳинд эълом карданд.
Ҳарчанд аз ба қудрат расидани Толибон то кунун наздик ба шаш моҳ мегузарад, аммо ҳеч кишваре то кунун ҳукумати Толибонро эътироф накардааст. Кишварҳои гуногуни ҷаҳон, пешшартҳои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибонро аз қабили ташкили ҳукумати фарогир, эҳтиром ба ҳуқуқи башар, ҳуқуқи зан, озодии баён ва арзишҳои дигари инсониву ҷаҳонӣ гузоштаанд.Read more:https://asiaplustj.info/tj/news/world/20220120/nahustvaziri-tolibon-kishvaroi-islom-peshtozi-ba-rasmiyat-shinohtani-mo-shavand

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.