расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Нишасти аввали Ҳиндустон - Осиёи Марказӣ тариқи видеоконфронс доир мегардад

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат

Нишасти аввали Ҳиндустон - Осиёи Марказӣ тариқи видеоконфронс доир мегардад


Бо сабаби чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус нишасти аввали Ҳиндустон - Осиёи Марказӣ тариқи видеоконфронс доир мегардад, менависад ТАСС бо истинод ба нашрияи The Hindu-и Ҳиндустон.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон, нахуствазири ин кишвар Нарендра Моди ҳафтаи оянда, рӯзи 27 январ бо панҷ роҳбари кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтушунид мекунад.
Сарони кишварҳои Осиёи Маракзӣ бояд 26 январ дар гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи ҷумҳурӣ меҳмон мешуданд ва Ню-Дели ҳатто ба сарони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон даъватнома фиристода буд.
Аммо баъдан дар пасманзари бад шудани вазъияти марбут ба коронавирус нақшаҳо тағйир ёфтанд.
Дар назар аст, ки дар нишасти аввали Ҳиндустон - Осиёи Марказӣ сарони кишварҳо иқдомҳо оид ба густариши муносибатҳо байни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ ва ба сатҳи нав расонидани робитаҳоро баррасӣ кунанд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар мавриди масоили мавриди таваҷҷуҳи минтақавӣ ва байнулмилалӣ, инчунин ҷараёни шаклгирии вазъияти вобаста ба таъмини амният дар минтақа табодули назар хоҳанд кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.