расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳаво то 38 дараҷа сард мешавад: пешгӯии обу ҳаво дар Тоҷикистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Ҳаво то 38 дараҷа сард мешавад: пешгӯии обу ҳаво дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон ҳавойи тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар шарқи ВМКБ то 38 дараҷа сард шудани ҳаво пешгӯӣ мешавад

Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 14-19 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шарқи вилоят шабона 24-29 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 33-38 ва рӯзона 6-11 дараҷа хунукӣ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Вазиши шамол дар як сония ба 5-10 метр мерасад. Дамои ҳаво шабона аз 3 дараҷа зунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ ҳаво тағйирёбанда шуда, меғ мефарояд. Шамол дар як сония бо шиддати 9 метр мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.

Манбаъ: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Метролог | Гости

    Ин маълумотро аз кучо дастрас кардед

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.