расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Путин ба табиби тоҷик барои корнамоӣ алайҳи COVID-19 дар Русия орден дод

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Муҳоҷир

Путин ба табиби тоҷик барои корнамоӣ алайҳи COVID-19 дар Русия орден дод

Владимир Путин табиби тоҷикро, ки дар Русия кор мекунад, барои корнамоиҳояш дар мубориза бо коронавирус бо орден қадрдонӣ кардааст.
Абдуллоева Сурайё Мамадшоевна, пизишки собиқадори тоҷик, ки дар Русия фаъолият мекунад, бо фармони Владимир Путин бо ордени Пирогов қадрдонӣ шуд.
Орден ба Сурайё Абдуллоева барои хизматҳояш дар мубориза бо коронавирус тақдим гардида, дар маҷмуъ ин мукофоти давлатиро ҳудуди 60 корманди соҳаи тиб сазовор шудаанд, хабар додаанд расонаҳои Маскав.
Абдуллоева, табиби кӯдакон хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, феълан дар беморхонаи марказии ноҳияи Шатури вилояти Маскав фаъолият мекунад. Ӯ ҳудуди 35 сол собиқаи корӣ дорад.
Ордени Пирогов ҷоизаи давлатии Русия мебошад, ки бо фармони раисҷумҳури ин кишвар аз 19 июни соли 2020 таъсис дода шуда, ба исми олиму ҷарроҳи рус Николай Иванович Пирогов номгузорӣ шудааст. Ин ҷоиза барои корнамоиҳо дар зимни ироаи кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, эпидемия, амалиёти ҷангӣ ва дигар ҳолатҳои хатарнок ба табибони Русия тақдим мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.