расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Исфара: Мард занашро ба ҷиянаш рашк бурда, мурданивор зад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Исфара: Мард занашро ба ҷиянаш рашк бурда, мурданивор зад


Рашкро намаки ишқ мегӯянд, камаш ҳаёти муштараки зану мардро гуворо мегардонад, вале аз ҳад зиёд шавад, натанҳо зиндагии оилавии зану шавҳарро шӯр месозад, балки айши дигаронро ҳам талх карда, боиси сар задани ягон ҳодисаи нохуш гашта метавонад.
Аслан, занон нисбат ба мардон бадрашктаранд, аммо рашки зан ба андозаи рашки мард фоҷиабор нест. Вақте оташи рашки мард аланга мезанад, дунё дар назараш тираву тор гашта, ҳатто ба одамони наздиктаринаш низ раҳм намекунад. Ҳодисаи дар Исфара сар зада далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як ҷавонмарди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шахсони дигар хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин марди бадгумон ҳамсарашро ба ҷияни ноболиғи 15-солааш рашк бурда, шоми31-август, тахминан соатҳои сеи шаб занашро мурданивор лату кӯб намудааст.
Оташи қаҳру ғазаби ин марди бадрашк ҳатто баъди лагадкӯб кардани ҳамсараш низ паст нашуда, саҳарии барвақт, тахминан соатҳои 6-и субҳ бо баҳонаи ҳамроҳ ба саҳро рафтан ҷиянашро ба хона ҷеғ мезанад ва аввал бо як мушти обдор бачаи 15-соларо ба замин парчин намуда, лагадкӯ мекунад ва баъдан бо рӯдаи оҳанин бисёр бераҳмона мезанад.
Зан ва бачаи ноболиғ бар асари лату кӯби шадид ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, нисбати марди бадрашк бо қисми 2-и моддаи 110 ва қисми 1-и моддаи 111-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст. Тафтишоти ҷузъиёти дигари ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.