расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Кӣ зӯртар: Меҳринигор ё Зулайхо?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Кӣ зӯртар: Меҳринигор ё Зулайхо?

Замоне ба ҳунармандон аз рӯйи баромадҳояшон дар телевизион ва унвоҳое, ки аз ҷониби давлату ҳукумат барои хизматҳои шоистаашон ба аҳли ҳунар дода мешуд, баҳо медоданд, аммо замона дигар шуда, имрӯз ченаки баҳогузорӣ ба санъаткорон низ дигаргун гаштааст. Акнун шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили Ютуб, Фейсбук ва Инстаграм то куҷо дар байни мардум маҳбубият доштани ин ё он ҳунармандро муайян месозанд.
Дар байни ин шабакаҳои иҷтимоӣ махсусан Инстаграм дар тарғиби ҳунармандон нақши муассир дорад,зеро аксари санътакорон маҳз тавассути ҳамин шабака маҳсули эҷоди худро ба ошиқони ҳунари асил пешниҳод намуда, бо ёрии Инстаграм бо мухлисонашон робита барқарор менамоянд. Азҳ унармандони тоҷик дар шабакаи Инстаграм Абдурозиқ ва Шабнами Сурайё ҳаводорони бештар дошта, шумораи мухлиснашон беш аз як миллион нафарро ташкил мекард. Зулайхо Маҳмадшоева низ азШабнам ва Абдурозиқ қафо мондан нахоста, бо нашри клипу таронаҳои дилфиреб, аксҳои ҷолиби худ ва оростани сӯҳбатҳои ошкоро бо мардум шумораи мухлисонашро ба як миллион расонд. Зулайхо мисли дигар ҳунармнадони тоҷик сирру асрори зиндагиашро пинҳон надошта, дар саҳифаи худ дар Инстаграм ошкоро дар бораи азобҳои дар даврони кӯдакӣ кашида ва чи тавр ба ҷодаи санъат роҳ ёфтанаш ошкоро сӯҳбат мекард. Ҳунарманд ҳатто асрори хонаводагиашро пинҳон надошта, сабаби аз шавҳар ҷудо шуданашро гуфт ва туфайли ҳамин ошкоргӯиҳорояш бадили мардум роҳ ёфта, шумораи мухлисонашро то як миллион расонд.
Бояд тазаккур дод, ки саҳифаи Зулайхо Маҳмадшоева дар Инстаграм аз соли 2016 фаъол буда, ҳунарманд то кунун қариб 400 видео ва акс нашр намудааст.
Айни замон дар сегонаи пешсафи ҳунармандони тоҷик дар "Instagram" Абдурозиқ бо 1,5 миллион обуначӣ, Шабнами Сурайё 1,2 миллион ва Зулайхо Маҳмадшоева бо 1 миллион мухлисон қарор доранд.
Ду зебосанами дигари саҳнаи тоҷик -Меҳрнигори Рустам ва Фарзонаи Хуршед ҳарчанд мухлисони зиёде дошта бошанд ҳам, шарафи миллионер шудан ҳанӯзбарояшон даст надодааст. Меҳрнигорти Рустам 841 ҳазор ва Фарзонаи Хуршед 716 ҳазоробуначӣ доранд. Бахти бузурги ба қатори сарояндагони миллионер дохил шудан ба ин ду нозанин кай муяссар мегардад, ин ба шумо, мухлисони азизи савту наво ва суруду тарона вобастагӣ дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.