расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Бо телефон шинос шуда, бероҳа шудам?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Бо телефон шинос шуда, бероҳа шудам?


Дар деҳае, ки ман зиндагӣ мекунам, духтарони телефонбадастро чандон хуш надоранд. Ҳамин ки дар дасти духтаре телефон бубинанд, аллакай гирди номаш овозаву гапу гапчаҳо паҳн мегардад. Ман аз чунин одати ҳамдеҳагонам ба ҳайрат меоям, охир чӣ гуна телефон метавонад нафареро бероҳа кунад? Масалан, ман дугонае дорам, ки телефон надошта бошад ҳам, бо ҷавоне ишқварзӣ мекард. Онҳо якдигарро бе телефон ёфта буданд, вале баъдан барои ҳамеша дар тамос будан дугонаам телефон гирифт. Ман ҳам соли аввали ба донишгоҳ дохил шуданам телефон надоштам. Азбаски роҳам то донишгоҳ дуру дароз буд, волидонам ба ман як телефони арзонакро харида доданд. Аз гапу калочаи мардум тарсида, ҳеҷ гоҳ телефонамро дар деҳа ба касе нишон намедодам. Хулоса, ҳар рӯз бо телефон ба дарс рафта меомадам. Аввал рақами маро танҳо хонавода медонистанд. Баъдан рақамамро ба як дугонаи ҷониям додам. Баъди ба курси дуюм гузаштан ҷавоне рақамҳои телефонамро тавассути дугонаам ба даст оварда, ба ман занг заду мо шинос шудем. Инак, як сол мешавад, ки шабу рӯз бо дӯстдоштаам телефонӣ гап мезанем. Ростӣ, ҳамеша як савол маро азият медиҳад. Ба фикри шумо, хонандагони азизи ҳафтанома, ман бо телефон шинос шуда, бероҳа шудам? 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.