расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Мехоҳед зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ кор кунед? Пас ҳуҷҷат пешниҳод намоед

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Мехоҳед зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ кор кунед? Пас ҳуҷҷат пешниҳод намоед


Шаҳрдории Душанбе дар бораи ишғоли мансабҳо озмун эълон кард. Маош аз 800 сомонӣ то 1 ҳазору 600 сомонӣ (аз 71 то 141 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ҳукумати пойтахт ҳамагӣ 20 ҷойи кори холӣ дар раёсату шуъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр пешниҳод мекунад.
Тибқи шартҳои озмун, ҳамаи доваталабон бояд дорои маълумоти олӣ ва собиқаи корӣ (дар мансабҳои ҷудогона) бошанд. Ҳамчунин аз доваталабон донистани забони давлатӣ, забони хориҷӣ (барои баъзе вазифаҳо ин лозим нест), таърих, арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ талаб карда мешавад.
Ба ин тариқ, шаҳрдории пойтахт ба мансабҳои зерин корманд меҷӯяд:
Муовини сардори Раёсати тандурустии ш.Душанбе – 1696 сомонӣ;
Мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - 1512 сомонӣ:
Сармутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (2-ҷой) – 1186 сомонӣ;
Сармутахассиси Раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳ – 1186 сомонӣ;
Сармутахассиси шуъбаи робитаҳои хориҷии дастгоҳ – 1186 сомонӣ;
Сармутахассиси шуъбаи иттилооти дастгоҳ – 1186 сомонӣ;
Сармутахассиси бахши банақшагирӣ ва хариди давлатии дастгоҳ – 1186 сомонӣ;
Мутахассиси пешбари шуъбаи иттилооти дастгоҳ – 973 сомонӣ;
Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳои дастгоҳ – 973 сомонӣ;
Мутахассиси шуъбаи назорати дастгоҳ – 800 сомонӣ;
Мутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳ – 800 сомонӣ;
Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳ – 800 сомонӣ;
Сармутахассиси Раёсати тандурустии шаҳрдорӣ – 1186 сомонӣ;
Сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим – 1186 сомонӣ;
Сармутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии шаҳрдорӣ – 1186 сомонӣ;
Мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги шаҳрдорӣ – 973 сомонӣ;
Мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳрдорӣ – 973 сомонӣ;
Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳии шаҳрдорӣ – 973 сомонӣ;
Мутахассиси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе – 800 сомонӣ;
Мутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии шаҳрдорӣ – 800 сомонӣ.
Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур дар сомонаи шаҳрдории Душанбе (www.dushanbe.tj)  шинос шаванд.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.