расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Мӯйсафеди 74-сола зани ҷавонашро лату кӯб кард! (Акс)

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Мӯйсафеди 74-сола зани ҷавонашро лату кӯб кард! (Акс)


Аксари мардони тоҷик орзуи зани ҷавону зебо гирифтанро доранд. Ҳадафи марди калонсол аз хонадор шудан бо зани аз худаш 15-20 сол хурд худнамоӣ кардан дар назди ҳамсолонаш ва бо ҳамин васила худро ҷавону бардам нишон додан аст, вале тафовути калони синну солӣ ба решаи бахти чунин оилаҳо теша мезанд. Зани ҷавонашро ҳатто ба сояи худаш рашк кардани марди куҳансол, аз ӯҳдаи таъмини ниёзҳои зани ҷавон набаромадани шавҳари синну солаш аллакай ба ҷое расида ва мувофиқат накардани назари зану шавҳар дар зиндагӣ боиси сар задани ҷангу ҷанҷол ва моҷароҳои зиёди оилавӣ мегардад. Табиист, ки фамдигарнофаҳмӣ ва моҷароҳои пай дар пайи хонаводагӣ пояи оиларо торафт суст гардонида, боиси хушунату зӯроварӣ ва ҳатто сар задани куштор ва дигар ҳодисаҳои нохуш гашта метавонад. Ҳодисаи дар ноҳияи Рӯдакӣ ба амал омада делили равшани ин гуфтаҳост... Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як марди 74-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси дигар хабар додааст. Мӯйсафйед дар лату кӯбӣ бераҳмонаи ҳамсари ҷавонаш, ки аз худаш ду баробар хурд мебошад, гунаҳкор дониста мешавад. Тавре ки манбаъ мегӯяд, рӯзи 8-сентябр, тахминан соатҳои 12.00-и рӯз байни ин марди солхӯрда ва ҳамсари 37-солааш ҷангу ҷанҷол ба миён омада, дар рафти моҷарои хонаводагӣ мӯйсафед зани ҷавонашро зери мушту лагад гирифтааст. Ҷавонзан бар асари лату кӯби шавҳари солхӯрдааш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст ва акнун муйсафеди муштзӯр барои ин амалаш дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.