расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Заминларза дар шарқи Тоҷикистон хисорот ба бор овард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Заминларза дар шарқи Тоҷикистон хисорот ба бор овард

Субҳи 10 июл, соати 07:14 ба вақти маҳаллӣ дар шарқи Тоҷикистон, дар ноҳияи Тоҷикобод заминларза рух дод. Чуқурии заминларза 10 км ва магнитудаи он 5,9 балро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иттилоъ дод.
Инчунин,  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зилзила дар 165 км қисмати  шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 21 км то ноҳияи Рашт дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ба вуқӯъ пайвастааст. Қувваи ларзиши замин дар марказаш 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балро ташкил дод.
Мутаассифона,  бар асари заминларза хисороти  ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шуд. 5 нафар сокини деҳаи Бӯстони (собиқ деҳаи Кӯли боло) ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод зери хок монда, ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, дар деҳаҳои Бӯстон, Сари чашма ва Кӯли калони  ноҳияи Тоҷикобод ба манзили истиқоматии сокинон, хати барқу алоқа осеб расидааст. Дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Ярхоби ноҳияи Рашт 7 манзили истиқоматӣ ва деҳаи Шархо ва Сари шухони ҷамоати Аскалони ноҳияи мазкур 12 манзили истиқоматӣ зарар дидаанд.
Бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарии Сарвазири ҶТ комиссияи салоҳиятдор таъсис дода шуда, барои омӯзиши вазъият, муайян кардани ҳаҷми хисорот ва бартараф кардани зарари расонидашуда аъзои комиссия ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд.
Оилаҳои зарардида бо ҷойи зисти муваққатӣ, кӯмаки аввалияи тиббӣ ва хӯроки гарм таъмин карда шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.