расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » ИНСТАФЕЙС: РЭПСАРОИ ШАЙТОН ВА "ХАЙП"-И НАВИ ФИРӮЗА ҲАФИЗОВА (ВИДЕО)

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

ИНСТАФЕЙС: РЭПСАРОИ ШАЙТОН ВА "ХАЙП"-И НАВИ ФИРӮЗА ҲАФИЗОВА (ВИДЕО)

Шоҳзода Уилями Бритониёи, ки 38-сол дорад, яке аз мардҳои ҷаззобтарини бе мӯй дар саросари олам шинохта шуд. Ин хабар дар Инстаграм зиёда аз 17,6 миллион маротиба тавсиф шуд. То ба ин дам Майк Тайсон, варзишгари амрикоӣ дар байни мардҳои кали чаззоб чои авалро ишгол мекард. Аммо ин дафъа шумораи тарафдорони шохзода Уилям ду маротиба зиёдтар шуд. Дар рейтинги мардҳои ҷаззоб шоҳзода Брюс Уиллиям, хунарпешагони машҳури дунё Ҷейсон Стейтҳем ва ҳатто Дуэйн Рок Ҷонсонро бо як нӯл зад.   
Варзишгари машҳури олам Ҳабиб Нурмагамедов бо яке аз репсароёни машҳур Моргенштерн ҷанги маънавӣ эълон намудааст. Дар ҳоле ки касе Моргенштерн, репер ва шоу мени шинохтаи Русияро ба вазифаи директори маркази кор бо ҷавонон таъин мекунад, Хабиб  дар Инстаграм ӯро "ифлос" номидааст. Нурмагамедов бар он андеша аст, ки Моргенштерн ба кӯдакон таъсири бад мерасонад. Ба гуфтаи ин спортсмени машҳур Русия ба як ниҳоди махсусе ниёз дорад, ки сензура ҷорӣ намуда, Моргенштернро дигар ба телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ надиҳад. Рэпсарои шайтон Рэпсарои амрикоӣ Лил Нас бо ширкати пойафзолбарории Nike ҳамкорӣ намуда, як пойафзоли даврии махдуд бо номи Satan Shoes мебарорад. Ба гуфтаи истеҳслкунандагон ба ҳар як ҷуфти пойафзоли мазкур як қатра хуни инсон илова карда шудааст. Пойафзол дар асоси Nike Air Max '97 сохта шудааст ва айни хол танҳо 666 ҷуфти он омода мебошад. Сухангӯи ин ширкат дар сухбат ба Insider гуфтааст, ки дар пойафзол хуни шаш нафар кормандони ин гурух истифода шудааст. Ҳар як ҷуфти пойафзоли мазкур бо нархи 1018 доллар фурӯхта мешаванд. Ёдрас мешавем, ки Lil Nas X пас аз нашри видеои суруди "Montero (Call Me By Your Name)" ҳамкориро бо ширкати Nike оғоз намуд. Клипи мазкур афсонавӣ буда, дар навор рэпер дар либоси фаришта ба ҷаҳаннам мефарояд ва дар он ҷо дар оғӯши Шайтон рақс мекунад. Намоҳанги мазкур дар Twitter вокунишхои газаболуди зиёдеро нисбати репер ба вуҷуд оварда буд. Бисёриҳо сарояндаро барои "таблиғи шайтонпарасти" танқид карданд, Теъдоди зиёди мухлисон баъди тамошои инклип Lil Nas X-р ба таҳқири мазҳаб айбдор карда, эълон доштанд, ки дигар ӯро гӯш намекунанд. Дар ҷавоб ба ин вокунишҳо Lil Nas X бо ширкати Nike ҳамкориро оғоз намуд. Акнун баъзеҳо ширкати Nike-ро дар ҳамнишини бо “шогирди шайтон” гунахкор карда, ҳамчун рамзи эътироз дигар аз ин ширкат пойафзол ханиданӣ нестанд. "Хайп"-и Фирӯза! Фирӯза Ҳафизова, собиқ раққоса ва овозхони 36-солаи тоҷик мегӯяд, ба шавҳар набаромадааст ва маъракаи тӯяш низ дурӯғ буд. Ӯ ин нуқтаро дар барномаи “IRON KING” зикр кардааст. Хабари хонадор шудани овозхон ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд. “Аслан, ман шавҳар накардаам. Баъди таъмири хонаам ду-се дугонаамро даъват карда, маъракаи хонадароён ороста будам. Қабл аз Соли нав, ки буд, хостам бо ин роҳ худро пиар кунам. Як навори саломдиҳиамро дар Интернет гузоштаму хабар дарҳол паҳн шуд”,-шарҳ медиҳад овозхон. Фирӯза мегӯяд, баъди ин кор муносибати марди дӯстдоштааш бо ӯ андаке сард шудааст. “Ҳар боре, ки ӯ таклифи хонадоршавӣ мекард, ман рад мекардам. Баъди ин корам хеле асабӣ шуд ва муносибаташ каме сард шудааст”. Овозхон мегӯяд, барои бори дигар оиладор шудан ҳоло омода нест ва агар хонадор шавад, саҳнаро тарк карда, ба тиҷорат рӯ меорад. Фирӯза Ҳафизова соҳиби ду духтар мебошад, ки онҳо аз ду издивоҷи қаблияш ба дунё омадаву ҳоло дар тарбияи худаш ҳастанд. подробнее тдж: https://oila.tj/news/instafeys-repsaroi-shayton-va-khayp-i-navi-firza-afizova

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.