расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ташкил кардани фоҳишахона дар манзили истиқоматии худ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Ташкил кардани фоҳишахона дар манзили истиқоматии худ

1796
Имрӯзҳо занон дар ҷомеа мавқеи махсусро доро ҳастанд ва дар баробари мардон сарбаландона дар тамоми соҳаҳо кору фаъолият мекунанд. Аҳли ҷомеа низ бо чунин занони боифату корбар ифтихорманданд.
Вале мутаассифона боз пайдо мешаванд заноне, ки номи пуршарафи Зан-Модарро доғдор сохта бо амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ худу атрофиёнро зери маломати мардум мегузоранд.
Бехабар аз он, ки иффати зан ин худ тарбияи ахлоқии инсон аст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Носири Хусрав муайян карда шуд, ки сокини ҳамин ноҳия зани 32-сола бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт мунтазам ба ташкил ва нигоҳ доштани фоҳишахона дар манзили зисташ машғул шуда,
барои муносибатҳои маҳрамона ба мардону занони сабукпо шароит фароҳам оварда, аз онҳо маблағи 100-сомонӣ мукофотпулӣ мегирифтааст.
Номбурда дар 4 ҳолати ин ҷиноят гумонбар дониста шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ва ё занҷаллобӣ) оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.