расонаи иттилии - Ориён » ЁДАШ БА ХАЙР! ДАРГУЗАШТИ ҲУНАРПЕШАИ МАРДУМИИ ТОҶИКИСТОН АҲМАДШО УЛФАТШОЕВ

Ҳаводис

ЁДАШ БА ХАЙР! ДАРГУЗАШТИ ҲУНАРПЕШАИ МАРДУМИИ ТОҶИКИСТОН АҲМАДШО УЛФАТШОЕВ

Аҳмадшо Улфатшоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр дар бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳунарманди шинохта ҳамагӣ 10 рӯз қабл аз маргаш ба синни 75 расида буд. Ду сол пеш Шоҳрух Улфатшоев, писари ягонаи Аҳмадшо Улфатшоев дар синни 55 бар асари сактаи қалб ба зиндагӣ падруд гуфта буд. Аҳмадшо Улфатшоев 30 сентябри соли 1945 дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, аз соли 1975 дар саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ мекард ва солҳои 80 директори ин театри №1-и Тоҷикистон буд. Нақшҳои Дохунда («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода), Рустам («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло), Баҳроми Чӯбина («Баҳроми Чӯбина»-и Т. Аҳмадхонов), Сомонхудот («Сомонхудот»-и С. Айюбӣ), шоҳ Парвиз («Борбад»-и Ҷ. Қуддус), амир Абдулаҳад («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода), шоҳ Эгей («Медея»-и Софокл) аз ҷумлаи нақшҳоест, ки аз устод Улфатшоев ба ёдгор мондаанд.
Аҳмадшо Улфатшоев- Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ҳамин ҳоло дар бемористони Қарияи боло аз бемории фалаҷ даргузашт...
Аҳмадшо Улфатшоев 30-юми сентябри соли 1945 дар н. Дарвоз дида ба дунё кушодааст. Фаъолияти ҳунарияшро ба сифати актёри театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ аз соли 1975 оғоз бахшида, то дами марг дар ҳамин даргоҳ заҳмат кашидааст. Дар намоишномаҳои «Рӯдакӣ», «Рустам ва Суҳроб», «Дохунда», «Баҳроми Чӯбина», «Сомонхудот», «Шамъи маърифат», «Борбад», «Алломаи Адҳам», «Зардушт», «Бой ва хизматгор», «Медея», «Шоҳ Лир», «Ишқи араб» ва ғайра бо ҳассосияти волову маҳорати худодода нақш офаридааст. Дар синамо низ ҳунараш дурахшон ҷило додааст. Ёдаш ба хайр...

Мотам дар театру синамо. Аҳмадшоҳ Улфатшоев даргузашт

Тавре хабар ёфтем, чанд дақиқа пеш дар бемористони Қарияи Боло Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Аҳмадшо Улфатшоев дар синни 75- солагӣ оламро падруд гуфт. Тавре наздиконаш мегӯянд, ӯ вақтҳои охир аз фишори баланд азият мекашид.

Аҳмадшоҳ Улфатшоев, ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001) 30 сентябри 1945 деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст.
Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1980).
Баъди хидмат дар сафи Артиши Шӯравӣ (1964—1967) ба сифати роҳбари мусиқии дастаи ҳаваскорони ноҳияи Орҷоникидеобод (1961—1971) заҳмат кашидааст. Аз соли 1975 дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ ба кор омада, то ҳол дар ин ҷо фаъолият дорад.
Дар саҳна бо маҳорати хосси ҳунарпешагӣ нақшҳои Дохунда («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода), Рустам («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло), Баҳроми Чӯбина («Баҳроми Чӯбина»-и Т. Аҳмадхонов), Сомонхудот («Сомонхудот»-и С. Айюбӣ), шоҳ Парвиз («Борбад»-и Ҷ. Қуддус), амир Абдулаҳад («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода), шоҳ Эгей («Медея»-и Софокл) ва ғайраро офаридааст.
Ин марди ҳунар дар рушди санъати миллӣ тоҷикон саҳми боарзише дошт.
Манбаъ: https://pressa.tj/

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.