расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳалокати ронанда ва духтарчаи хурдсол дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ

. / Ҳаводис

Ҳалокати ронанда ва духтарчаи хурдсол дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ

Рӯзи 11-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”, Қулов Хол Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1955, сокини деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара, дар чорроҳаи роҳи автомобилгарди “Душанбе-Кӯлоб-Бохтар-Данғара”, қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Одинаев Фурқат Тураевич, соли таваллудаш 1995, донишҷӯи соли 3-юми Донишгоҳи технологӣ ва менеҷменти иноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бархӯрда, ба чуқурии канори чапи роҳ чаппа шудааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106” Қулов Х.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”: Сайфудинов Илҳом Мирзокаримович, соли таваллудаш 1979, Мадисоев Ҳабибулло Эмомназарович, соли таваллудаш 1990, сокинони шаҳри Кӯлоб, Каримов Маҳмадулло Бобохонович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Восеъ ва Комилова Лутфия Қурбоновна, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамчунин, 11-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи боркашии тамғаи “Мерседес-Бенс”, Солеҳов Ҳамза Хайруллоевич, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Бедаки ноҳияи Панҷ, зимни ба қафо ҳаракат кардан хурдсол Зукурёзода Гулмоҳ Сироҷиддин, соли таваллудаш 2016, сокини ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷро пахш намудааст.
Мутаассифона, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.