расонаи иттилии - Ориён » Ошкор шудани ҳолати дуздӣ аз маркази ташхисӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҳаводис

Ошкор шудани ҳолати дуздӣ аз маркази ташхисӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 6 ба 7-уми октябри соли 2020, тахминан соати 01:45-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба бинои маркази ташхисии «Шифобахши аср», воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии ҳамин шаҳр ворид гардида, аз он ҷо 1-адад болопӯши (курткаи) мардона ва асбобҳои сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикситон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.