БОЗДИДИ ГЕНЕРАЛИ БАЛАНДПОЯИ АМРИКО АЗ ТОҶИКИСТОН

  • 30.11.2017, 06:54,
  • ---
  • хонанда 142
  • 0

Генерал Теренс МакКинен, муовини фармондеҳи Фармондеҳии марказии артиши Амрико рӯзҳои 27-29 ноябр аз Тоҷикистон бозид карда, бо раҳбарони баландпояи ин кишвар ва масъулони сафорати Амрико дар Душанбе мулоқотҳо анҷом додааст.

Сафорати Амрико дар як иттилоия гуфт, генерал МакКинен дар ҷараёни ин сафар "доираи васеи масъалаҳои амниятиро бо мансабдорони воломақоми Тоҷикистон аз Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохилӣ муҳокима намуда, барои ҳамоҳангсозии минбаъдаи артиши ИМА ва Тоҷикистон изҳори сипос намуд.”

Генерали амрикоӣ ба аҳамияти мушорикати Амрикову Тоҷикистон дар амри пуҳштибонӣ аз рушди устувор ва пешрафти Тоҷикистон таъкид кардаааст. Сафорати Амрико мегӯяд, "кӯшишҳои муштараки ИМА ва Тоҷикистон асосан ба амнияти сарҳадӣ, мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир равона карда шудаанд.

Дар иттилоияи сафорати Амрико дар Душанбе Тоҷикистон як шарики муҳим дар Стратегияи Осиёи ҷанубии Амрико унвон шуда, гуфта мешавад, ки ҳадафи ин стратегия беҳбуди амнияти минтақавӣ ва суботу шукуфоӣ дар саросари минтақа мебошад. Сафорат ҳамчунин гуфтааст, "ҳамкории ИМА ва Тоҷикистон дастгирии амният ва суботро дар Осиёи Ҷанубию Марказӣ идома хоҳад ёфт ва ҳамзамон ба баланд бардоштани затҳи зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.”

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон